Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ғунучини пахта сар шуд

        Заркорони хоҷагии деҳқонии ба номи “Муҳаббатшоҳ” ( аз ҷамоати деҳоти “Қаҳрамон”) яке  аз аввалинҳо шуда, ба ғунучини ҳосили бо арақи  ҷабин парваришнамудаи  худ шуруъ намуданд.

    Аҳли заҳмати хоҷагӣ соли равон дар майдони  чор  гектар  тухмии навъи “Флора”  кишт намуда , тавассути  меҳнати аҳлона ва сари вақт ба ҷо овардани тавсиҳои  деҳқонони ботаҷриба, ҳамчунин андешидани тадбирҳои фаровонҳосилӣ ҳосили дилхоҳ парвариш карда  расониданд.Тавре дар суҳбат узви пешқадами хоҷагӣ  Моҳинав Боева иброз дошт, заркорони хоҷагии мо азм доранд, ки  ҳосилнокии пахтаро  нисбати соли гузашта бештар  намоянд.

    Дар бисёр қитъаҳои замини  сегектара  пахта хуб шукуфтааст. Аъзоёни хоҷагӣ дар рўзи аввали  ҷамъоварии “ тиллои сафед” хуб меҳнат карда, беш  аз як тонна  пахтаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд.

     Чинакчиёни чобукдасти  хоҷагӣ  Маҳина Бобоева, Моҳинав Боева, Гулистон, Одинамо, Дилрабо ҳар кадоме 70-75 килоӣ пахта чиданд. Ниҳолҳои ғарқи ҳосили пахта   башорати он аст, ки аҳли хоҷагӣ   нақшаи истеҳсоли  аз ҳар гектар  беш аз 35 сент-нериро бо сарбаландӣ  иҷро менамоянд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай