Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим (аз ҷамъомади назоратии назди раиси ноҳия)

           Дар ҷаласаи  навбатии назоратии назди раиси  ноҳия, ки рўзи  8 август баргузор гардид, як қатор масъалаҳои   ҳалталаби  рўз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Ҷамъоварии маблағҳои  андоз барои моҳи  август аз  масъалаҳои муҳимми ҷаласа ба ҳисоб мерафт ва ҷиҳати иҷроиши нақшаи андоз раиси ноҳия ба масъулини соҳа  дастуру супоришҳои  мушаххас  доданд.

     Алҳол дар саҳроҳои ноҳия ҷўшу хурўши корҳои   саҳроӣ ҳукмфармост. Рафти чиниши  пахта ва пешниҳоди маълумот оид ба ҳосили  ҷамъоваришуда;  муайян намудани хароҷоти нигоҳубини пахта дар як гектар дар ҳудуди хоҷагиҳо; назорати ҷиддӣ ба  супоридани ҳосили пахтаи ҷамъоваришуда ба корхонаҳои  иҷозатдодашуда ( ба  корхонаи “Ҷунтай- Данғара”), пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати парвариши зироатҳои кишти такрорӣ; назорат ба рафти кишти такрории картошка ва кишти сабзӣ аз рўйи нақшаи муайяншуда дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва заминҳои  наздиҳавлигию ёрирасон, ҷамъоварии  маблағи  истифодаи оби  полезӣ аз  масъалаҳои асосии дигари ҷамъомад буданд, ки ҳаматарафа мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, раиси ноҳия муҳтарам  Бозоралӣ   Одиназода  ба муовини аввали раиси ноҳия, Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони гуруҳҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ки бобати амалишавии корҳо тадбирҳои зарурӣ   андешанд.

     Масъалаҳои дигари ҷамъомад- аз қабили назорат ба фаъолияти ярмаркаи  фурўши сару либоси мактабӣ ва маводи  хониш; омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш; омода намудан ва пешниҳоди маводҳо  ва  барномаи баргузории машварати  августии омўзгорон  ва чорабинии Рўзи  кормандони соҳаи тиб; омодагӣ ба сафари  меҳмонон аз вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон; дидани чораҳо ҷиҳати ҷалби ҷавонони синни даъватӣ  ба курсҳои касбомўзӣ ва пуррагардонии  курсҳо тибқи нақшаи  муайянгардида;  андешидани  тадбирҳои зарурӣ  ҷиҳати иҷрои нақшаи  обунашавӣ  ба рўзномаҳои  ҳизбӣ  ва  рўзномаю  маҷаллаҳои даврии ҷумҳуриявию  вилоятӣ ва ноҳиявӣ низ ҳаматарафа ҳаллу фасл гардида, раиси ноҳия ҳамаи шахсони  масъулро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷроиши   корҳо чораандешӣ намоянд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай