Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Захираи ғизо барои ду сол

        Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба авзои ҷаҳон, ки  дар бисёр кишварҳо  хушксолӣ    омадааст, дар мулоқоту  вохўриҳояшон  бо мардуми кишвар таъкид  мекунанд, ки аз ҳар як ваҷаб  замин оқилона  истифода бурда,  кишти  такрории  зироатҳои   кишоварзӣ   гузаронида  барои ду сол  захираи хурока тайёр намоянд.

      Ин таъкиди  Роҳбари давлатро аҳли хонаводаи   аппаи Оимнисо Нодирова- Раиси маҳаллаи  Ғоиб Сафарзода ( аз ҷамоати шаҳрак – раисаш Моҳшариф Шоахмедова) ба роҳбарӣ гирифта, аз маҳсулоти замини  наздиҳавлигияшон  ва ҳамчунин  аз дарахтони  мевадиҳанда  ҳавлӣ беш аз 140 банкаи шарти ҳаргуна нушобаю шарбат тайёр  намуданд. Ҳамчунин, ба қадри  зарури гандум, лубиё, биринҷ,  ва дигар анвои  хўрока захира  намудаанд. Апаи Оиминисо  соҳиби  4 келину  чанд набера   буда,  дар Маҳалла  намунаанд.

    Оимнисо  Нодирова  аз зумраи   он бонувони хушкору  фаъолест, ки дар   маъракаҳои   маҳалла   гули сари сабад буда,  дар ҳаммаи чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятию  ҷумҳуриявӣ  фаъолона  иштирок мекунад.Оилаи онҳо  аз 18 нафар иборат  буда басо  тифоқона  зиндагӣ  карда, барои бисёриҳо   намунаи ибратанд.

   Раиси шаҳрак муаллима Мошариф Шоахмедова  бо аҳли  маҳаллаҳои ҷамоати шаҳрак вохўриҳо доир менамоянд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай