Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( фишурда аз ҷамъомади назоратии назди раис )

 

          Рўзи душанбеи  ҳаждаҳуми  июл  ҷаласаи   назоратии  назди  раиси  ноҳия  доир  шуд  ва 24  масъалаи   ҳалталаби   рўз  баррасӣ  гардиданд. Нахуст,  Раиси ноҳия, муҳтарам  Бозоралӣ Одиназода  ҷиҳати  таъмини  нақшаи   ҷамъоварии  андоз  барои  моҳи  июл ва чораҷўӣ нисбати иҷрои қарорҳои маҷбур ситонидани маблағҳои қарзи андоз шахсони   масъули бахш  пурсон гардида, ба онҳо  баҳри таъмини  нақша  дастуру  супоришҳои мушаххас  доданд.

Раиси ноҳия   ба ҳаммаи ҳозирин  сахт таъкид  намуданд, ки   ҳаммаи он  камбудиву  эродҳое, ки дар   маҷлиси   ҷамъбастии  шашмоҳа  дар вилоят  ба нишонии  ноҳия  садо дод, бояд   дар   муддати  кўтоҳитарин  ислоҳ  карда шуда,  ба он  комёб  шудан  лозим аст, ки ноҳия дар   қатори беҳтаринҳо  бояд бошад.

Дар бораи масъалаҳои дигари  муҳими рўз  коркарди байни қатораҳои   пахта;  ғизодиҳӣ,  обмонӣ, тоза  кардани  пахтазор аз алафҳои   бегона;  рафти иҷрои   нақшаи   кишти такрории  зироатҳои  кишоварзӣ ( дар х/ деҳқонӣ, ёрирасон, наздиҳавлигӣ,  призеденти), захираи картошкаи  тухмӣ;  дуруст   ташкил кардани   фаъолияти гуруҳҳои  кори  дар самти гардиши   хонаҳо  баҳри  муайян  намудани   кишти зироатҳои   дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва захираи  маводи ғизоӣ  дар  ҳар  оила  раиси ноҳия муҳтарам  ба муовинонӣ  соҳвӣ,  раисони ҷамоатҳо ,  раёсати  кишоварзӣ, роҳбарони  гуруҳҳои   корӣ  дастуру  маслиятҳо  доданд, ки барои   иҷрои   пурраи  корҳо  чораҳои зарурӣ  андешанд.

Доири  масъалаҳои дигари ҷамъомад – дидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати аз ҷойҳои ҷамъияти  баровардани  бунгоҳҳои тиббӣ; назорати ҷиддии санитарию лабораторӣ дар манбаъҳои обтаъминкунӣ, ҳавзҳо, кулҳо, ҷуйборҳо ва дигарҷойҳои  оббозӣ бо мақсади пешгирии пайдошавии  сироятии вабо; дидани чораҳои қатъӣ  ҷиҳати кам кардани ҷинояткорӣ  дар  байни ҷавонону  ноболиғон; таҳия ва пешниҳоди  нақшачорабиниҳо  бахшида  ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-умин Шўрои Олии ҶТ;  насби камераҳои мушоҳидавӣ  дар  биноҳои маъмурии Ҷамаотҳои  шаҳраку  деҳоти  ноҳия;  таъмири мактабҳо, захираи ангишт барои   зимистонгузаронии  мактабҳои ноҳия;  бақайдгирии даъватшавандагон  дар курсҳои   ронандагӣ  ва ҷалби ҷавонони  синни даъватӣ  ва дигар курсҳои   касбомўзӣ,  обунаи  рўзномаҳои  ҳизбӣ  ва “ Навиди  Ҳамадонӣ”,  раиси ноҳия; омодагӣ  ба  нишасти  матбуоти  оид  ба ҷамъбасти   нимсолаи якуми соли  2022  ба ҳаммаи   роҳбарони   ташкилоту  муассисаҳо  ва шахсони   мутасаддӣ  супоришҳои   мушаххас  доданд, ки   ҷиҳати амалишавии  корҳо  тадбирҳои  зарўрӣ андешанд.

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай