Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Мақсад ва вазифаҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия

  Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро пайваста дар баромаду мулоқотњои худ махсусан таъкид менамоянд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд, ки: – “Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад”.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин муддат ду маротиба санади барномавии дурнамои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, №34 “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2021, таҳти №222» Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуданд.

Самтҳои асосии Стратегияи навбатӣ асосан ба мукаммалгардонии қонунгузории миллӣ ба талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, таҳлили мунтазами вазъи содиршавии ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд, тақвият бахшидани пешгирии коррупсия дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маорифу тандурустӣ, андозу гумрук, хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳое, ки фаъолияташон аз нигоҳи коррупсия осебпазир маҳсуб меёбанд, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма дар раванди муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, мукаммалгардонӣ ва ислоҳоти низоми идоракунии назорати давлатии молиявӣ, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ҷиҳати бартараф намудани омилҳои инсонӣ, мубориза бо коррупсия тавассути татбиқи чораҳои ҷиноятӣ, маъмурӣ ва интизомӣ, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, тақвият бахшидани таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар раванди пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ки ҷиҳати коҳиш ва бартараф намудани коррупсия нақши калидӣ доранд, равона карда шудаанд.

Амалигардонии Стратегия тавассути фаъолияти якҷояи мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии ташкилотҳои байналмиллаливу минтақавӣ дар ҳамоҳангсозӣ бо Шўрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Барои амалисозии самараноки мақсад ва вазифаҳои дар Стратегия пешбинигардида аз ҷониби ҳамаи иҷрокунандагон вобаста ба соҳаҳо сараввал дар заминаи Барномаи Стратегияи мазкур Барномаи идоравии (соҳавии) зиддикоррупсионӣ таҳия карда мешавад, ки он тамоми муҳлати татбиқи Стратегияро дарбар мегирад. Дар маҷмӯъ тартиби амалишавии Стратегия дар фароҳам овардани муносибати маҷмўї ба ташаккули низоми чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳамбастагӣ баррасӣ намудани онҳо, пайдарпай амалӣ намудани чорабиниҳо, ошкорбаёнӣ ва ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо коррупсия ифода меёбад.

                                                                                      Акмал Ризоев,

                                                                                      Қувватзода Ҷовид

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай