Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ботулизм – бемории хавфнок

             

    Ботулизм ғизоӣ – ин  заҳролудшавӣ бо токсини  ботулинӣ  аз маҳсулотҳои  нодуруст  ё нокифоя  тамизгардидаи  консервакунонидашуда  ва нигоҳдошта  дар шароити хона  мебошад.

    Барои дуруст консервакунонии ғизо  дар шароити хона  ҳама  вақт  зарур аст,  ки ҷиҳатҳои  зеринро  ба ҳисоб гирифтан лозим аст:

1.Дастонро  бо собн тез – тез  то консервакунонӣ  ва дар вақти он шўед.

2.Барои шустани  дастон, зарфҳои шишагин  ва маводҳои  ғизоӣ, оби безараркардашуда ( хлорнок)  ё ҷўшомадаро  истифода баред.

3.Зарфҳои шишагини тоза  ва тамйизшудаи  нашикаста ва сарпуши  худмаҳкамшавандаро  истифода баред.

4.Ҳар як маротиба пеш аз истифодабарии  зарфҳои шишагин  онро тоза карда, дар оби ҷўшомада бо маводҳои  шўянда шўед.

5. Зарфҳои холии  шишагини тозаро  дар миқдори  зарури об  ғутонида, то ҳарорати 83 с гарм кунед,  то мавриди дар зарфҳои шишагин  ҷой  кунонидани  маҳсулот,  он бояд дар оби гарм бошад.

6. Маҳсулотҳои   тоза, беиллат, бе аломатҳои вайроншавӣ  пусишро интихоб  намуда, дар оби нўшоки шўед.

7. Маҳсулотҳои тару тоза   пеш аз коркард бояд тоза карда шаванд ( каду  боимҷон, помидор,  харбуза, ва тарбуд).

8. Усули бастабандии  гармро  истифода  намоед ( ғизои нав таёркардашударо  дар давоми 2-5  дақиқа ҷўшонида ва тез  дар ҳолати гарм, ба зарфҳои   шишагини  пешакӣ  тамйизгардонидашуда ҷойгир кунед.

9. Ба баъзе маҳсулотҳо, аз қабили помидор, каду, хўришҳо ва сабзавотҳои  гуногун туршӣ (  ҷавҳари  лиму ё сирко)  илова  намоед).

10. Дар давоми тайёркунӣ  ҳангоми  истифода  бурдан аз   таҷҳизоти  тамйизгардонӣ  фишор  ва вақти  заруриро  барои хунук  шуда  нигоҳ  доред.

11. Ҳангоми  консервакунонӣ дар шароити  хона аз восита ва омилҳои   монеъкунандаи  афзоиши   Ciosfidium   bofulinum – ро ба монанди  ҳарорати баланд, туршӣ ( кислотаи)  ( рН),  фаъолнокии  об  (аw), намак  ва бактерияҳои кислотаи   ширӣ истифода баред.

Панҷ  калиди  асосии ТУТ  барои бехатарии  ғизоро  риоя  кунед:

1.Тозагиро  риоя  намоед.

2.Маҳсулоти  хомро  аз пухта ҷудо  намоед.

3.Гизоро нағз  пазед.

4. Маҳсулотҳоро  дар ҳарорати  бехатар нигоҳ  доред.

5.Об  ва   маҳсулотҳои  хоми  бехатарро  истифода  баред.

     Агар  Шумо  ақаллан  нисбати як  банди зикргардида шубҳа  дошта  бошед, ғизоро  пеш аз  истеъмол  коркард кунед ( гармкунӣ то ҳарорати 80 С  дар муддати 15  дақиқа  ё то  85 С ё бештар аз 5 дақиқа  ҷўшонед).

    Дар сурати заҳролудшавӣ   ҳарчи  зудтар ба ёрии таъҷилӣ  муроҷиат  намуда, духтурро  интизор  шавед ва то  омадани  духтур  меъдаро  шуста дорувории  сорбентиро  истифода баред: ( ангишти  фаъолкардашуда,  энтросгел ё смекта).

    Консервакунонӣ  дар  автоклав – ин   ягона  тарзи  бехатари коркарди  маҳсулотҳои  ғизоии   туршиашон паст мебошад,  Автоклав- ин  деги махсу  вазниниест,  бо  сарпўши  зич  маҳкамшаванда  ва бо клапан  манометр,  нишондиҳандаи  фишор. Ҳамаи дигар  тарзҳои консервакунонии маҳсулотҳои  ғизоии   туршиашон паст, бе истифодаи  автоклав БЕХАТАР  НЕСТАНД. Вақти тайёркунии ғизо  ба навъи  маҳсулот, андозаи зарфи шишагин  ва баландӣ  аз сатҳи баҳр  алоқамандӣ дорад ( масалан дар баландии на кам аз 300 метр  ҷўшонидан набояд аз 10 дақиқа  кам бошад; дар баландиҳои  зиёд муҳлати ҷушонидан ба ҳар як 300 метр 1 дақиқа зиёд  мешавад) ҳатман  дастурамали автоклавро иҷро намуда, ақаллан ҳар  сол як  маротиба дақиқии  нишондоди  фишорро  санҷед.

     Ҳамаи  маҳсулотҳои  ғизоии туршиашон паст, дар асоси дастурамали  мазкур  консервакунонидашударо  мумкин  аст  ноҷўшонида   истифода бурд,  агар боварӣ  дошта бошед, ки:

1. Ғизо дар автоклави  барои  консервакунонӣ  коркард  гардидааст.

2. Нишондоди  фишори  автоклав  аниқ аст.

3. Ҳангоми  консервакунонӣ  вақти гармкунӣ ва дараҷаи  фишор  вобаста  ба  ҳаҷми  зарфи  шишагин, навъи  бастабандӣ ва намуди  маҳсулот  ба  инобат  гирифта  шудааст.

4. Тавсияҳо  нисбати  хунуккунӣ  ва нигоҳдорӣ ( 3С)  инчунин  таркиби намак ва ё туршӣ риоя  гардидаанд.

5. Барои  консервакунонӣ зарфҳои шишагини тоза ва тамизгардида  истифода шудаанд.

6. Маҳсулоти  дар шароити хона  консервакунонидашуда  на зиёда аз як сол  нигоҳ  дошта  шудаанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай