Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ

              Бо маусади  амалигардонии  дастуру  супоришҳои Президенти  мамлкат, ки  зимни  мулоуоти  хеш  бо  зиёиёну фаъолони вилояти Хатлон рўзи 18.06.2022 доштанд,   дар  ноҳия як қатор  корҳо  амалӣ  гардида  истодааст. Бояд қайд  намуд, ки ҷиҳати оқилонаю самаранок  истифода  намудани  ҳар як ваҷаб  замини  наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ғайра  гурўҳи  кории  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  таъсис ёфта бо ањолї  аз  наздик  дидору  мулоқот баргузор  намуда  истодаанд. Мақсад  аз  ташкили  гурўҳи корӣ, назорати  дурусти   оқилона ва  самаранок  истифодаи замин, захира  намудани  маводҳои  ниёзи аввал  барои  ду сол  дар ҳар як  оила, пешгирии ҳолатҳои  гурснагӣ, ки  имрўз аксари давлатҳои љањонро  фаро  гирифтааст  мебошад. Имрўзҳо  дар ҳар як Ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳоти  ноҳия гурўҳҳои корӣ фаъолияти хуб  дошта, гардиши  хона  ба  хонаро ба  роҳ монда, бо сокинон корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар масъалаҳои зикршуда доир намуда  истодаанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай