Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раис

                     Дар ҷамъомади  назоратии  назди   раиси ноҳия, ки рўзи  11 июл  баргузор шуд, як қатор  масъалаҳои  ҳалталаби  рўз  мавриди баррасӣ  қарор  гирифтанд. Масъалаи аввал  ва хеле  муҳим- ин  ҷамъоварии   маблағҳои  андоз  барои  моҳи июл буд  ва раиси  ноҳия  муҳтарам  Бозоралӣ Одиназода  бобати иҷрои  наќшаи  ҷамъоварии  маблағҳои  андоз  ба масъулини соҳа  дастуру  супоришҳои  мушаххас  дод, ки   дар ҳамин моҳ  нақшаи  ҷамъоварии  андоз  таъмин  карда шавад.

     Назорати ҷиддӣ ба рафти  коркарди байни қатораҳои  пахта,  обмонию  парвариши  пахтазор;  сарчинкунии  ниҳолҳои  пахта;  пешниҳоди  маълумоти  ҳамарўзаи  гуруҳҳои  кории  таъсисдодашуда  оид ба анҷом расонидани  нақшаи  кишти такрории  зироатҳо;  гузаронидани   ченаки  кишти  такрории   зироатҳо  аз рўи нақшаи тасдиқшуда;  пешниҳоди  маълумоти мукаммал  дар бораи натиҷаи  гардиши  хонаҳо ҷиҳати муайян  намудани   кишти зироатҳо дар заминҳои  назди -ҳавлигӣ  ва захираи   маводи  хўрока дар ҳар оила аз масъалаҳои  муҳимми  ҷаласа  буданд,  ки   Раиси  ноњия  аз муовини   аввали раиси ноҳия, Раёсати  кишоварзӣ,  раисони Ҷамоатҳо,  роҳбарони   гуруҳҳои  корӣ  пурсиш  ба амал оварда , онҳоро  вазифадор намуданд, ки  бобати иҷроиши  корҳо  чораандешӣ  намоянд.

     Раиси ноҳия  бобати ҷудо  намудани маблағ  барои  нигоҳдории роҳҳо;  пешниҳоди наќшаи  чорабиниҳои  вобаста ба корҳои ободонию  кабудизоркунӣ  дар  дар мактаби № 43,  назорати ҷиддӣ  ба рафти  таъмири  муассисаҳои  таълимии  ноҳия;  андешидани  чораҳо  ҷиҳати   дастрас  намудани  ангишт   барои   зимистонгузаронии  муассисаҳои  таълимӣ  ба масъулони бахш дастуру  супоришҳои  мушаххас  доданд,  ки барои   амалӣ  шудани   масъалаҳои  номбурда  чорањои   зарурӣ  андешанд.

      Доири ду  масъалаи   дигари   ҷамъомад- баќайдгирии  даъватшавандагон  дар курсҳои  ронандагӣ ва ҷалби  ҷавонони   синни даъватӣ  ба дигар курсҳои касбомўзӣ  иҷрои нақшаи  обунашавӣ  ба рўзномаҳои ҳизбӣ    ва  рўзномаи  ноҳиявӣ  раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода  ба ҳаммаи шахсони масъул,  роҳбарони   ташкилоту   муассисаҳо,  раисони  Ҷамоатҳо сахт таъкид карда,   талаб  намуданд, ки   дар фурсати кўтоҳ   оид ба масъалаҳои   болозикр  чораҳои лозимӣ  андешанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай