Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Табрикоти раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муҳтарам Бозоралӣ Одиназода бахшида ба иди саиди Қурбон (09.07.2022)

                  Табрикоти раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода бахшида ба иди саиди Қурбон 

(09.07.2022)

Ҳамдиёрони азиз!

Намозгузорони муҳтарам!

         Ҳамаи Шуморо   ба муносибати   иди саиди Қурбон  табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо аз даргоҳи илоҳӣ сулҳу амонӣ ва файзу баракати зиндагиро орзу менамоям.              

       Иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ  мебошад. Таълимоти Ислом моро пайваста ба он даъват мекунад, ки  дар  ин  рўз  кинаву кудрату душманиро аз дил дур сохта, бародаронамонро дар оғўш гирем. Имрўз метавонад ҳамчун рўзи садоқат ва ваҳдату якпорчагии мо мусулмонон ҷашн гирифта шавад.     

    Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконияти таърихие фароҳам омад, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаамонро амалӣ гардонем ва дар ин замина зиндагии озодонаро соҳиб шавем. Имрўзҳо мардуми кишвар имкон доранд, ки ҳамаи маросиму фаризаҳои динию мазҳабии худро озодона иҷро  намоянд. Ҷашн гирифтани иди Қурбон худ гувоҳи ин гуфтаҳост. Иди мубораки Қурбон бо ҷанбаи таърихии худ таҷассумгари садоќату фидокории муъминон дар назди Парвардигор мебошад. Ҳамин аст,  ки  ҷавҳари  ин  иди  муборакро меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ, расидан      ба      ќадри     якдигар,   ба ҳамдигар наздик будан ва хайру саховат кардан ба ятимону эҳтиёҷмандон ташкил медиҳад.    

        Бахусус, силаву навозиши ятимону бепарасторон, аёдату табрики хешовандон, беморону пиронсолон, поси хотири гузаштагон, изҳори ҳамдардӣ кардан ба азодорон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат аз фазилатҳои неки он ба ҳисоб мераванд. Имрўз рўзи меҳмонии фаќирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон мебошад. Онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз њоли фаќирону    ятимон   ва камбизоатону нодорон бохабар  шаванд,  зеро  ки  ин рўз, рўзи дўстиву муњаббату бародарї аст. Вале набояд фаромўш кард, ки ҳар як маъракаву маросим дар доираи талаботи Қонуни танзим бояд камхарҷу сарфакорона гузаронида шавад.

 Ҳозирини гиромї!

     Тибқи таълимоти ислом қурбонӣ кардан барои ҳама ҳатмӣ нест. Шахсе бояд ин амалро ба ҷо биорад, ки аз назари иқтисодӣ имконият дорад ва молу сарваташ ба ин кор мерасад.    Баъдан, нафаре метавонад   ин   амалро  ба ҷо биорад, ки масъулияти худро дар назди аҳли оила ва хешовандони наздик иҷро карда бошад. Яъне, ҳаққи фарзанд ба таълиму тарбия, сару либос, ахлоқи ҳамида, ҳаққи падару модар, хоҳару бародар, ҳамсояҳо ва дигар наздикон иҷро шуда бошад. Ва бояд дар хотир дошт, ки ҳар расму оин ва маросими динӣ ҳикматеро доро мебошад. Онро ба манбаи худнамоишдиҳӣ ва шуҳратпарастию исрофкориҳо табдил додан мумкин нест. Зеро тавре ки  Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид намудаанд:   «Барои   каси фавтида ба ғайр аз фотиҳаву дуо дигар амалҳо носавоб буда, ба зарари оила ва хонадони азодор мебошад. Муъмин бояд барои беҳбудии худ, саодати оилааш кўшиш намояд, на бар зарари хеш. Чунонки дар Қуръон омадааст: «Худо парҳезкоронро дўст медорад».  Мо бояд,  ҳар неъмати Худовандро, неъмати тинҷиву оромӣ  ва  амнияту ваҳдатро шукргузорӣ намуда, дар ҳаққи ватан ва кишвари азизамон, хусусан дар ҳаққи Роҳбари давлат дуои нек карда, пешрафти давлатро аз Худованди мутаъол илтиҷо намоем. Маҳз, тавассути пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ мо тавонистем, дар муддати кутоҳтарини марҳилаи таърихӣ ба дастовардҳои беназир ноил     гардида,      рушди   устувори иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин   намуда,  ба мардум шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам орем. Ва имрўз вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандўст, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки ба қадри ин неъмати худодод расида, баҳри таҳкими сулҳу суботи ҷомеа кўшиши зиёд ба харҷ диҳад.

          Дар раванди таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва   рушди   устувори   иқтисодиву иҷтимоии кишвари маҳбубамон дар баробари омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ омили дигари рушд ин истифодаи самараноку оқилонаи обу замин мебошад. Зеро пояндагии давлат аз боло рафтани сатҳи зиндагии мардум вобастагӣ дорад.  Аз ин  рў  ҳар яки мо бояд дар пайравӣ  ба анъанаҳои неку наҷибонаи ниёгонамон дар роҳи таҳкими сулҳу дўстӣ, эҳтироми ҳамдигарӣ аз як гиребон сар бароварда, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ягон тарсу воҳима ва иғвою дасиса роҳ надода ҳосили дар саҳро парвариш намудаамонро сари вақт ҷамъоварӣ карда, барои соли оянда тухмии хушсифат захира намуда, дар заминҳои холишуда сари вақт кишти такрории картошка, лубиёгиҳо ва дигар намудҳои зироатҳои донагӣ кишт намуда, ягон порча замини наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва заминҳои хоҷагиҳоямонро холӣ нагузошта истифодаи самараноки онҳоро ба роҳ монем, то таҳдидҳои буҳрони норасогии маводи оуқаворӣ ва зимистони дар пешистодаро бе ягон душворӣ паси сар намоем.

      Айни замон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ва заминҳои наздиҳавлигиамон ҳосили хуби меваю сабзавот пухта расидааст. Меваю сабзавот манбаи витамину ғизои солим буда, ба ҷисму руҳи инсон манфиатовар мебошад. Барои роҳ надодан ба талафёбии онҳо ва омода намудани нўшобаву хўришҳо  барои пурнозу неъмат оро додани дастархони оилаамон аз фурсати муносиб истифода намуда, барои мавсими зимистон аз меваҷоту сабзавот ба миқдори зарурӣ афшураю мањҳсулотҳои консервагӣ омода намоем. 

     Имрӯз сиёсати пешгирифтаи давлат барои ҳар як фарди ҷомеа имконият фароҳам овардааст, ки ба хотири рӯз ба рӯз беҳтар сохтани зиндагии худ ва рушду ободии Ватани азизамон бо заҳмати бунёдкорона машғул шуда, дар пешрафт ва таъмини осудагии он саҳми    муносиби   худро  гузорад. Бо истифода аз фурсати муносиб таъкид карданиам, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни бузурги миллиамон 35 – солагии Истиулолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   мо ҳама якҷо бо меҳнати  содиқонаву якдилона аз хонаву дар, ҳавлию кўча, маҳаллаву деҳот сар карда, ҳама гўшаву канори ноҳияамонро бояд ободу зебо гардонем,   то    ин    ҷашни  муқаддасро сазовор пешвоз гирем.

    Ҳамдиёрони азиз!

   Дар ҳамин замина  қайд кардан ба маврид аст, ки дигар ҳикмат ва фазилати иди мубораки Қурбон даъват ба  зиндагии осоишта ва якдигарфаҳмӣ буда, ҳамасола тавассути адои маносики ҳаҷ мусулмонони оламро дар Маккатуллоҳ ба ҳам меорад. Чӣ тавре ки ҳамагон огоҳӣ дорем, имсол сиву шаш    нафар  шаҳрвандони  ноҳияамон бо нияти адои маносики ҳаҷ озими Маккаи Мукаррама  ва  Мадинаи  Мунаввара шуданд. Дар арафаи ин иди шариф онҳо дар қатори миллионҳо мардуми мусулмони ҷаҳон ба зиёрати хонаи Худо, ки рукни панҷуми дини мубини ислом мебошад, мушарраф хоҳанд шуд. Умедворем, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми   шарифи   ноҳия   дасти   дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таоло барои кишвари азизи худ суботу оромӣ ва ободиву шукуфоиро талаб менамоянд.

     Дар робита ба авзои сиёсии ҷомеа ва аҳамияти пойдории сулҳу суботи комил дар паёми шодбошии Асосгузори сулҳу    ваҳдати        миллӣ  –  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии      Тоҷикистон,      муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ба муносибати  25 – солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ таъкид гардидааст, ки “Ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ, ки ҷузъи муҳимми зиндагии мардуми мусулмони мо ба шумор мераванд, фақат дар шароити таъмин будани амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар шуда метавонад. Дар ин раванд, дар хотир бояд дошт, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати мо – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурўхтаанд, ҳанўз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд.

      Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ    ва     ваҳдати       миллӣ   бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем”.

       Намозгузорони арҷманд!

    Дар ин рўзи муборак одамон баъд аз адои намоз, чӣ хеле ки дар боло қайд кардам, ба амалҳои хайру эҳсонкорӣ, яъне забҳи чорво барои қурбонӣ  машғул гардида, дар сари манзили гузаштагон, оилаҳои азодор дуою фотиња намуда, ба аёдати хешу табор рафта, аз аҳволи беморон хабар гирифта, ба ятимону бепарасторон ва маъюбону муњтоҷон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Бо ҳамин нияту орзуҳои нек итминони комил дорам, ки ҳар як фарди бонангу баномус   баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон  софдилона меҳнат намуда, дар    пойдории   сулҳу дўстӣ ва тинҷию оромии кишвар саҳми беандозаи худро мегузорад.

       Ба њамаи Шумо бахту  саодат,  хонаи      обод,  тинҷию  оромӣ  ва  хушбахтию тамоми хушиҳои рўзгорро таманно менамоям.

     Дар охир аз даргоҳи Яздони пок хоҳони онам, ки дуои ҳамаи Шуморо баҳри тинҷию амонӣ, сулҳу субот,  ваҳдату ягонагӣ ва рушди босуботи  кишвари азизамон  мустаҷоб  гардонад.

      Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай