Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

            

           Рўзи  бисту  якуми феврал  дар  майдони Исмоили  Сомонӣ бахшида  ба Рўзи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади  идона баргузор  гардид,  ки  дар  он    намояндагони  ташкилоту   муассисаҳо,  корхонаҳо,  маориф,  тандурустӣ,   аскарони  башардўст, қисми ҳарбӣ  иштирок  доштанд.

    Нахуст,   раиси  ноҳия  узви  маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода    баромад  намуда,   мардуми  сарбаланди  ноҳия  ва  ҳамаи  иштирокчиёни  чорабиниро  ба  шарафи  ин  рўзи фирўз  муборак  бод  гуфта,   ба ҳозирин  рўзгори  неку  иқболи  баланд  таманно  намуданд.

      Сипас,  Раиси Шўрои  собиқадорони  ҷангу  меҳнати  ноҳия  Шариф  Раҳимов, Раиси  Шўрои ҷанговарони   башардўст Наим Назаров   низ  баромад карда,  ҳамагонро   ба  рўзи  Артиши миллӣ  табрик  гуфтанд.

      Баъдан,  бо  иштироки   хонандагони  мактабҳои  ноҳия,  қисми  ҳарбӣ   гузашти  низомӣ  доир  гардид, ки   дар  он  беш  аз  500  нафар  ширкат  варзиданд. 

         Дар  интиҳо  барномаи ҷолиби  консертӣ  аз тарафи  кормандони   бахши  фарҳанги  ноҳия   манзури  иштирокчиён  гардонида  шуд.

   Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай