Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Аксияи “Модарон ба аёдати фарзандон-сарбозони Ватан меравем”

       Имрӯз дар қисми ҳарбии 0307 Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ мустақар дар ноҳияи Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Раъно Раҳимзода бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ  аёдати модарон, занону бонувон аксия таҳти унвони “Мо модарон ба аёдати фарзандон-сарбозони Ватан меравем” доир гардида, дастархони идонаи тоҷикию модарона пешниҳоди сарбозону аскарбачаҳо карда шуд. Дар  чорабинӣ  модарон   рӯ ба рӯ  бо сарбозон сари миз нишаста, суҳбати хосса намуданд.

     Сипас, дар майдони сафороии қисми ҳарбӣ қисми тантанавии чорабинӣ гузаронида шуд. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси ноҳия оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Ҳусния Исҳоқӣ ҳусни ифтитоҳ  бахшида, суханро ба Сардори Раёсати кор бо занонва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Раъно Раҳимзода доданд.Мавсуф зимни суханронии хеш қайд намуданд, ки имрӯз  мо дар арафаи таҷлили ҷашни 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

      Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону сарбозон ва махсусан ба марзбонон, ки дар хати аввали ҳимояи марзи муқаддаси Ватан қарор доранд, таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамоянд ва хизматҳои шабонарӯзии онҳоро баҳри ҳимояи марзу бум ва якпорчагии мамлакат қадрдонӣ мекунанд. Ин ҳама таваҷҷуҳу ғамхориҳо бояд масъулияти ҳар як афсару сарбозро дар самти муҳофизати марзи муқаддаси кишвар ва фазои осоишта дучанд боло барад – гуфт дар идомаи суханрониашон Р.Раҳимзода. Дар чорабинии мазкур Раъно Раҳимзода паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбонро ба сарбозону афсарони қисими ҳарбӣ бахшида ба 23-феврал-Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ расонд.  Аз номи ШӯроиҲаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия котиби Шӯрои Ҳаракат Илёсиддин Набиев  баромад карда, сарбозону афсаронро ба 29-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

     Муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ чорабиниро ҷамъст намуда, ба меҳмонон барои ташриф оварданашон ба ноҳия ва  дидану аёдати модарону занону бонувон аз хизмати сарбозону аскарбачаҳо изҳори миннатдорӣ намуд.Дар охир барои сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Маркази матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай