Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Вохўрии судманд бо фаъолони деҳоти Панҷоб

         Имрўз  дар толори  маҷлисгоҳи   мактаби №23-и Ҷамоати  деҳоти Панҷоб  вохўрии гуруҳи  кории  таблиғотии  Мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти  давлатии   ноњия   бо сокинон  ва фаъолони   он доир  гардид.  Дар  вохўрӣ    раиси ноҳия  муҳтарам Одиназода Б.Н., муовини  якуми  раиси  ноҳия  Орифзода М.М., муовини  раиси  ноҳия  Ҳусния  Исҳоқӣ,  роҳбарони     ташкилоту  муассисаҳо,    бахши  кор  бо ҷавонон  ва варзиш,    бахши дин, танзими  анъана  ва ҷашну   маросим,   комиссарияти ҳарбӣ, Шўрои  собиқадорони   ҷангу   меҳнати   ноҳия   ширкат  варзида,  доир  ба тадбиқи   қонунҳои   Ҷумҳурии Тоҷикистон     “Дар бораи  масъулияти   падару  модар   дар таълиму  тарбияи  фарзанд”, “Дар  бораи   танзими    анъана   ва ҷашну  маросим   дар Ҳумҳурии Тоҷикистон”, “ Дар  бораи   озодии виҷдон  ва иттиҳодияҳои  динӣ”,   шарҳу  тавзеҳи   муҳтавои   Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати ҷавонон  ба сафи Артиши миллӣ,  пешгирии ҷавонон  аз гаравидан  ба ҳизбу  ҳаракатҳои  иртиҷоӣ   ва  терроризму   экстремизм,  баромад намуда,  ба саволҳои   иштирокчиёни   вохўрӣ  посух доданд.

Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай