Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БА ИСТИҚБОЛИ РЎЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

         Дар  китобхонаи  марказии  ноҳия ба  шарафи  Рўзи Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳфили адабӣ  бо  иштироки  кормандони  Китобхонаи  марказии  ноҳия,  хонандагону  омўзгорони  Литсейи  давлатии  ноҳия,  мактабҳои  1, 2, 5  намояндаи  Комиссарияти ҳарбӣ, котиби Шўрои Ҳаркати  ҷамиятии Ваҳдати миллӣ  ва эҳёи Тоҷикистон  дар  ноҳия Набиев Илёсиддин  баргузор  гардид. Чорабиниро  корманди китобхона Башорат Юнусова  кушода,  риштаи суханро  ба  ровиёни маҳфил Рафиева Фархунда  ва Неъматова  Ганҷина  дод.  Баъдан  меҳмонон  дар  мавзуҳои  муайн  баромад  намуданд.

     Дар  охир   хонандагони  фаъоли  мактабҳои  номбурда  дар  ситоиши  сулҳу  дўстӣ,  Ватан  аз  осори   устод Алимуҳаммад Муродӣ  ва  дигар  шоирони  тоҷик  шеърҳо қироат  намуданд.

   Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай