Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КОР ОМОДААНД

         Имрўз  дар  деҳаи  Меҳрвари Ҷамоати  деҳоти Чубек  азназаргузаронии техникаҳои хоҷагии қишлоқ  доир  гашт.  Раиси  ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  омодагии  техникаҳои  кишоварзиро   аз  назар  гузаронида,  ҷиҳати   пурра  омодашудани   тракторҳо  ба  механизаторону   шахсони  мутасаддӣ  дастуру  маслиҳатҳои  муфид  доданд.  Гуфта  шуд, ки  дар ҳудуди Ҷамоат  53 адад  техникаҳои  гуногуни  кишоварзӣ вуҷуд  дошта  36  адади  он омодаи  кор   ва  17 адади  дигар  дар  таъмир  мебошанд.

      Аснои суҳбат   бо сокинону  фаъолони Ҷамоат  Раиси  ноҳия  таъкид  намуданд, ки    бояд ҳамагон  аз  як  гиребон  сар  бароварда,   дар  корҳои   саҳроӣ,  даъвати  баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, кишти  зироатҳои  кишоварзӣ   бо  амри  дил  меҳнат  намоем.

           Баъди  боздид аз  намоиши  техникаҳо  дар  маҷлисгоҳи  бинои Ассосиатсияи  истифодабарандагони  оби Ҷамоат вохўрии  раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Б.Н.  бо  сокинони  Ҷамоат  доир  шуд. Дар  ҷамъомад   падару  модароне,  ки  барои  сафарбар  намудани  фарзандонашон   ба  хизмат  монеъ  шуда  буданд  иштирок  доштанд. Ба  диққати  онҳо  расонида  шуд,  ки  тамоми  шароит  барои  афсарон  муҳайё  гардида, аз шароити  будубоши  онҳо  падару модарон  доимо  огаҳанд. Вазифаи  ҳар як  ҷавонмард ин ҳимояи  падару  модар,   хоҳару  бародар   ва  дар  мадди  аввал  ватани  азизаш  мебошад.

     Дигаргун  шавии  авзои ҷомеаи  ҷаҳон,  нотинҷи  дар  ҳамсоякишварҳои мо  боис  мегардад,  ки   ҷовонони  мо ҳушёриву  зиракии  сиёсӣ, ватандўсти  ҳимояи  арзишҳои  миллиамонро  аз  даст  надода  бо сари  баланд  ба хизмати  ҳарбӣ  рафта,  марзу  буми  кишварро  аз  дилу ҷон ҳимоя  намоянд, - иброз  дошт  раиси  ноҳия.

Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай