Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - АЗ ОСОРХОНА ДИДАН КАРДАНД

             

     Солиёни дарозест, ки Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия  баҳри дар рўҳияи баланди хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон нақши калидӣ бозида, онҳоро ба гузаштаву имрўзаи ин ноҳияи навбунёд шинос мекунад. Ин нигораҳо бозгўйи таърихи ноҳия ва роҳи тайкардаи фарзандони барўманди он дар ташкил ва ободу зебо гардондани ин ноҳияи навбунёд  мебошанд. Танҳо дар давоми ду моҳи сипаришуда, ба тамошои ин макони худшиносии миллӣ  колективҳои меҳнатӣ, толибилмони мактабҳои миёна, муаллимону шифокорон  ташриф фармуда, аз нигораҳои он  дидан карданд. Аз аввали моҳи феврал то имрўз аҳли коллективи омўзгорон ва хонандагони мактабҳои №№1,2,17,54,20, Литсейи касбӣ-техникии ноҳия ва кормандони эҷодии рўзномаи ноҳиявии «Зафар» баҳри тамошо ба ин ҷо омадаанд.

      -Дар осорхонаи мо барои тамошои ташриффармудагон тамоми шароитҳо муҳайёст. Кормандони Осорхона ба ҳар шахси омада, оиди таърихи нигораҳо, бозёфтҳои археологӣ, макони пайдо намудани онҳо ва дорои қиммати таърихӣ доштани онҳо маълумоти пурра медиҳанд. Ба тамошобинон махсусан, толорҳои таърихӣ, этнографӣ, либосҳои миллӣ ва гўшаи Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, устод Одина Ҳошим басе писанд аст. Мо кўшиш мекунем, ки сол аз сол нигораҳои осорхонаро аз бозёфтҳои нав ба нави ноҳия зиёд намуда, хизматрасониро дар асоси талаботҳои рўз ба роҳ монем,- мегўяд мудири Осорхонаи ноҳия Шамсулло Раҳимов.

   Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай