Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА МАВСИМИ КИШТ

         Имрўз  раиси ноҳия  муҳтарам Одиназода Б.Н. муовини  якуми  раиси  ноҳия Орифзода М.М.   аз  намоиши  техникаҳои кишоварзӣ  дар  Ҷамоати  деҳоти Турдиев  дидан  карданд.  Дар  намоиш аҳли  заҳмати  Ҷамоат тракторҳо  ва  дигар  техникаҳои  самти  кишоварзиро  баъди  таъмиру  тармим ба  намоиш  гузошта  ҳолати кории  онҳоро  маълум  намуданд. Дар  асоси  маълумоти Раёсати кишоварзии  ноҳия  дар  ҳудуди Ҷамоат  60  адад  техникаҳои  кишоварзӣ  (трактор) мавҷуд  буда,  аз  онҳо  41  адад  дар ҳолати хуби  техникӣ  қарор  дошта ,  19  адади  дигар  дар  таъмир  мебошанд.  Ҳангоми    боздид  раиси  ноҳия  ба ҳолати  техникии  тракторҳо  аз  наздик  шинос  гардида,  бо  механизаторон   сўҳбат  намуданд. Дар намоиш  техникаҳои Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони  Ҷамоат  мавҷуд  буда,   оид ба фаъолияти  худ  дар  соли  2021 ҳисобот  манзур намуданд. Раиси  ноҳия  баҳри  боз ҳам  хубтар  ба  роҳ  мондани корҳо  дар  ин самт  ба  заҳматкашону  хоҷагидорон  дастуру  супоришҳои  судманд  доданд.

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай