Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Вохӯрии судманд

                                                

     Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои  тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори маҷлиси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрии гуруҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ, Сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия полковники милитсия Ташрифзода,  мудири бахши кор бо занон ва оила Фотима Маҷидова, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Шоҳин Назаров, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф Раҳимов, котиби Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Илёсиддин Набиев, намояндаи  КИ ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев  бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии Ҷамоат доир гардид.

      Ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ  тавассути бурдани корҳои таблиғотию тарғиботӣ ба мардум расонидани нуктаҳои  асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтои  асосии  сиёсати  дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ",  муҳтавои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар ва таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”,  инчунин, тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ,  садоқат ба Ватан, худшиносию хештаншиносӣ,  ҷилавгирӣ намудан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва равияҳои хусусияти ифротидошта, бегонапарастӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ва саҳм гузоштан дар рушд ва шукуфоии диёри маҳбуб мањсуб меёбад.

          Вохӯриро муовини  раиси  ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ ҷамъбаст намуда, ба аҳли ҷамоатчигии деҳоти Қаҳрамон таъкид  намуданд, ки корро дар самтҳои номбурда боз ҳам беҳтар ба роҳ  монанд.

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай