Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Вохўрии гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳрак

         

Дар  вохўрӣ    муовини  раиси  ноҳия  Ҳусния  Исҳоқӣ,  роҳбарони     ташкилоту  муассисаҳо,  мақомоти ҳифзи  ҳуқуқ,  бахши  кор  бо ҷавонон  ва варзиш,  шуъбаи  маориф ,  бахши дин, танзими  анъана  ва ҷашну   маросим, бахши  кор  бо занон  ва оила,  котиби  комиссияи  ҳифзи   ҳуқуқи  кўдак,   комиссарияти ҳарбӣ, Шўрои  собиқадорони   ҷангу   меҳнати   ноҳия   ширкат  варзида,  доир  ба тадбиқи   қонунҳои   Ҷумҳурии Тоҷикистон     “Дар бораи  масъулияти   падару  модар   дар таълиму  тарбияи  фарзанд”, “Дар  бораи   танзими    анъана   ва ҷашну  маросим   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “ Дар  бораи   озодии виҷдон  ва иттиҳодияҳои  динӣ”,   шарҳу  тавзеҳи   муҳтавои   Паёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  даъвати ҷавонон  ба сафи Артиши    миллӣ,  пешгирии  пошхўрии    оилаҳои  ҷавон  ва никоҳи   хешутаборӣ,   пешгирии ҷавонон  аз гаравидан  ба ҳизбу  ҳаракатҳои  иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, дўздӣ,  оворагардӣ,  авбошӣ    ва  терроризму   экстремизм,  истифодаи  телефонҳои   мобилӣ  баромад намуда,  ба саволҳои   иштирокчиёни   вохўрӣ  посух доданд.

Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай