Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КОР ОМОДААНД

      Дирўз  дар  деҳаи Пахтакорӣ  Ҷамоати  деҳоти «Қаҳрамон»  азназаргузаронии техникаҳои хоҷагии қишлоқ  доир  гашт.  Раиси  ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  омодагии  техникаҳои  кишоварзиро   аз  назар  гузаронида,  ҷиҳати   пурра  омодашудани   тракторҳо  ба  механизаторону   шахсони  мутасаддӣ  дастуру  маслиҳатҳои  муфид  доданд.  Гуфта  шуд, ки  дар ҳудуди Ҷамоат  86 адад  техникаҳои  гуногуни  кишоварзӣ вуҷуд  дошта  55 адади  он омодаи  кор   ва  16 адади  дигар  дар  таъмир  мебошанд.

      Дар  суҳбат  бо сокинону  фаъолони Ҷамоат  Раиси  ноҳия  таъкид  намуданд, ки    бояд ҳамагон  аз  як  гиребон  сар  бароварда,   дар  корҳои   саҳроӣ,  даъвати  баҳорӣ, ниҳолшинонӣ, кишти  зироатҳои  кишоварзӣ   бо  амри  дил  меҳнат  намоем.

Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай