Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАМОИШИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР ДЕҲОТИ ПАНҶРЎД

                         

     Имрўз  бо  иштироки  раиси ноҳия  муҳтарам Одиназода Б.Н., муовини  якуми  раиси  ноҳия Орифзода М.М.   дар  Ҷамоати  деҳоти Панҷрўд  омодагии  техникаҳои  кишоварзӣ ба  мавсими  кишти  баҳорӣ  доир  шуд.  Бинобар  иттилои  масъулини Раёсати кишоварзии  ноҳия   дар  ҳудуди Ҷамоат  71  адад  техникаҳои  кишоварзӣ  (трактор) мавҷуд  буда,  аз  онҳо  40  адад  дар ҳолати хуби  техникӣ  қарор  дошта ,  31  адади  дигар  дар  таъмир  мебошанд.  Ҳангоми    боздид  раиси  ноҳия  ба ҳолати  техникии  тракторҳо   аз  наздик шинос  гардиданд. Дар  намоиши  мазкур  техникаҳои  Ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагони  ҳудуди Ҷамоат  низ   ба  намоиш   гузошта  шуда,  оид  ба фаъолияти кориашон  дар соли  2021  ба  раиси  ноҳия  ҳисобот  манзур  намуданд.    Таъкид карда  шуд, ки  механизаторон   ва  аҳли  заҳмати  Ҷамоат  ба  кишти  баҳорӣ  муносибати  ҷиддӣ  намуда,   техникаҳои  мавҷударо  пурра  омода  менамоянд.  Раиси  ноҳия  бо  заҳматкашони  Ҷамоат  суҳбат  намуда,  супориш  доданд, ки  имсол  кишти  босифати  пунбадонаро  зиёд   намоянд.

      Баъди  боздид аз  намоиши  техникаҳо  дар  маҷлисгоҳи  бинои Ҷамоат вохўрии  раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Б.Н.  бо  сокинони  Ҷамоат  доир  шуд. Дар  ҷамъомад   падару  модароне,  ки  фарзандони  худро  ба  хизмат  равон   накарда  буданд, иштирок  доштанд. Ба  диққати  онҳо  расонида  шуд,  ки  дар  сурати  такарор  шудани  ин ҳолат   онҳо  ба  ҷавобгарӣ  кашида  мешаванд.  

     Ба  ҳамагон  маълум  аст, ки  дар ҷаҳони  имрўза чи ҳодисаҳо  ба  амал  омада  истодаанд,  аз  ин рў   ҷавононро  зарур  аст, ки  бо сари  баланд  ба хизмати  ҳарбӣ  рафта,  марзу  буми  кишварро  аз  дилу ҷон ҳимоя  намоянд, - иброз  дошт  раиси  ноҳия.

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай