Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАМОИШИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ

 

        Имрўз  бо  иштироки  раиси ноҳия  муҳтарам Одиназода Б.Н. муовини  якуми  раиси  ноҳия Орифзода М.М.   дар  Ҷамоати  деҳоти Даштигуло  омодагии  техникаҳои  кишоварзӣ ба  мавсими  кишт доир  шуд.  Маълум  гардид, ки   дар  ҳудуди Ҷамоат  115  адад  техникаҳои  кишоварзӣ  (трактор) мавҷуд  буда,  аз  онҳо  64  адад  дар ҳолати хуби  техникӣ  қарор  дошта ,  51  адади  дигар  дар  таъмир  мебошанд.  Ҳангоми    боздид  раиси  ноҳия  ба ҳолати  техникии  тракторҳо   шинос  гардида,  бо  механизаторон   сўҳбат  намуданд.  Заҳматкашони  Ҷамоат  иброз  доштанд, ки  техникаҳои  худро  баъди таъмиру  тармим  ба   намоиш    бароварда,   ҳолати  омодагии   онҳоро  муайян  намуданд.    Таъкид карда  шуд, ки  механизаторон  иваз  намудани  равған, қисмҳои  эҳтиётӣ  ва  дигар  корҳои   техникиро  анҷом  дода,   ба  кишти  баҳорӣ  омода  бошанд. Дар  охир раиси  ноҳия  бо  заҳматкашони  Ҷамоат  суҳбат  намуда,  ба масъулин    дастур  доданд, ки  техникаҳои  кишоварзиро  ба  мавсими  кишти баҳорӣ  пурра  омода   намоянд. 

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай