Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҳусния - иштирокчии даври вилоятӣ

                                      

    Имрўз  хонандаи   синфи 6-и   муассисаи  таҳсилоти   миёнаи   умумии № 19, ҷамоати   деҳоти  Чубек  Самадзода    Ҳусния  Наврўз  ҳамроҳи   падари   меҳрубонаш ( Самадов  Наврўз)   ба идораи   рўзномаи   ноҳиявӣ    меҳмон шуданд.

     Мавриди  зикр  аст, ки   Ҳусния   соли рафта,  дар озмуни « Фуруғи  субҳи  донои  китоб  аст»  дар даври ноҳиявӣ    ғолиб  баромада ,  ба даври  вилоятӣ  роҳхат  гирифт.  Дар ин ҷо низ   маҳорати   баланди  шеърхонии    худро нишон  дода,  сазовори   баҳои баланд  гардид.

    Тавре дар суҳбат   Ҳусния  иброз  дошт,     имсол  ў  мақсад  дорад, ки дар « Номинатсияи   адабиёти   кўдакону   наврасон    ва осори   шифоҳӣ»    иштирок  намуда ,  соҳиби   ҷойи ифтихорӣ    гардад.  Ба гуфти худи  Ҳусния  ў 160  шеъру  ғазал   ва дигар   жанрҳои   адабиро   аз   бар  намуда , навад  китоб  мутолиа  намудааст.  Ў  гуфт,  ки ба   вай  корманди  китобхонаи  марказии   ноҳия   Башорат   Юнусова  кўмак  мерасонад.    Ҳамчунин,  Ҳусния  иброз  дошт, ки  ў дар   озмуни  «Тоҷикистон – Ватани   азизи    ман»  низ   иштирок  карданист.

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай