Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ

                     

Рўзи  гузашта  дар  маҷлисгоҳи  мақомоти иҷроияи ҳокмияти  давлатии  ноҳия  бо  иштироки  намояндагони ВАО  нишасти  матбуотӣ  доир  шуд.  Дар  он  раиси  ноҳия  муҳтарам Одиназода Бозоралӣ,  муовинони соҳавӣ,  роҳбари  Дастгоҳи раиси ноҳия,  мудирони  бахшу  шуъбаҳои  дастгоҳи  раиси  ноҳия,  роҳбарони  сохторҳои  қудратӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку  деҳот,  роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳо   иштирок  доштанд. Дар ибтидо  раиси  ноҳия  оиди   натиҷаҳои  рушди  иқтисодӣ ва   иҷтимоии  ноҳия  дар соли  2021 гузориш  доданд. 

      Раис қайд  намуданд, ки    дар  натиҷаи  истифодаи  самараноки  имкониятҳо,   ташкили  дурусти кор   ва  андешидани  тадбирҳо  дар  ин  давра истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ   нисбат  ба ҳамин  давари  соли гузашта  хеле зиёд   гардид. Инчунин,  раиси  ноҳия доири  соҳаҳои  маориф,  тандурустӣ, варзиш ва  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросимҳо андеша  баён  намуд.  Баъдан  намояндагони ВАО,  ки  40 нафар  аз 23 рўзномаву   маҷалла,  радиову  телевизион  буданд,    ба  раиси  ноҳия  суолҳо  пешниҳод  карда,   посухҳои  қаноатбахш  гирифтанд.

  Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай