Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТИ БАҲОРӢ

 

 

Имрўз  бо  иштироки  раиси ноҳия  муҳтарам Одиназода Б.Н.  дар Ҷамоати  деҳоти Меҳнатобод  намоиши  техникаҳои  кишоварзӣ  доир  шуд. Бояд қайд  намуд, ки  дар  ҳудуди Ҷамоат  119  адад  техникаҳои  кишоварзӣ  (трактор) мавҷуд  буда,  аз  онҳо  57  адад  дар ҳолати хуби  техникӣ  қарор  дошта ,  62 адади  дигар  дар  таъмир  мебошанд.  Раиси  ноҳия  аз  наздик  ба ҳолати  техникии  онҳо  шинос  гардида,  бо  механизаторон   сўҳбат  намуданд.   Аснои  шиносоӣ  заҳматкашони  Ҷамоат  иброз  доштанд, ки  техникаҳои  худро  баъди таъмиру  тармим  ба   намоиш    бароварда,   ҳолати  омодагии   онҳоро  муайян  намуданд.  Яъне, дар  оғози  кишти  тирамоҳӣ  хоҷагидорони  Ҷамоати  номбурда,  аз   нарасидани  техникаҳо  танқисӣ  намекашанд.  Таъкид карда  шуд, ки  механизаторон  иваз  намудани  равған  ва  дигар  корҳои   техникиро  ба  ҷо  оварда,   ба  кишти  баҳорӣ  омода  бошанд. Дар  интиҳо  раиси  ноҳия  бо  заҳматкашони  Ҷамоат  суҳбати  озоду самимӣ  доир  намуда, ба масъулин    ва механизаторон  дастур  доданд, ки  техникаҳои  кишоварзиро  ба  мавсими  кишту  кор  омода   намуда,  кишти  босифат,  ва  дигар  корҳоро  анҷом  диҳанд.  

Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай