Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУСОБИҚА БАРОИ ҶОМИ РАИСИ НОҲИЯ

          

              Ба  ифтихори рўзи Артиши  миллӣ  дар Ҷамоати  деҳоти «Меҳнатобод»  мусобиқаи  футбол  барои  Ҷоми   раиси  ноҳия  байни  футболбозони  деҳу  маҳаллаҳо  бо  иштироки  13  даста  аз  ноҳияи Ҳамадонӣ,  2  даста  Восеъ  ва 1  даста  аз  ноҳияи Фархор  доир  гардид.  Бозиҳо  хеле  шавқовар  сурат  гирифта, дастаҳо  барои  ғолибият байни  ҳам  сахт  рақобат  намуданд.  Дар  ҷамъбаст  маълум  гардид, ки  дастаи  деҳаи Меҳнатобод  аз ҳама  зиёд  имтиёз  ба  даст  оварда, ғолиби  мусобиқа  гардиданд. Ҷойи  дуюм  насиби футболбозони  деҳаи  Ҳуснобод (ҷамоати  деҳоти Меҳнатобод)  гардид.

            Ба ғолибон  дар  вазъияти  тантанавӣ   раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода  ҷоми  раиси  ноҳия  ва  сипоснома   супориданд.

          Ҳамчунин,  аз  ҷониби  соҳибкорони  саховатпеша  ба  дастаи ҷойи  якум  1000 сомонӣ, ва  ба  дастаи  ҷойи  дуюм  500 сомонӣ  супорида  шуд.

          Маркази  матбуоти  раиси  ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай