11 январи соли 2022 дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки раиси ноҳия, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Б.Н, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон, собиқадорони ҳизб маҷлиси “Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ-и ноҳия дар соли 2021” ва вазифаҳо барои соли 2022 доир гардид.
Маҷлис таҳти раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия А.Саидмуминзода гузашт.
Дар маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳия дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022.
2. Ҷамъбасти “Обуна -2022” барои нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”
3. Ҳисоботи роҳбари гурўҳи вакилии ҳизбӣ аз натиҷаи фаъолият дар соли 2022.
4. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ.
Аз рўи масъалаҳои 1 ва 2 раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ А. Саидмуминзода баромад кард. Дар маҷлис намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳакимҷон Ишмуродов иштирок ва суханронӣ намуд.
Раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Б.Н баромад карда, оиди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва вазифаҳо дар соли 2022 суханронӣ кард.
Муҳтарам раис оиди вокуниш додани аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳия ба маводҳои муғризонаи душманони давлату миллати тоҷик таъкид намуданд.
Маҷлис аз рўи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул кард.
Ба беҳтаринҳо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар вилояти Хатлон ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ супорида шуд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия