Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Хабарҳо - Ватан, мо ҷоннисори туем!
Субҳи имрўз, 22 июл соли 2021 бо фармони сарфармондеҳи олии кишвар, Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави мамлакат санҷиши омодабошии ҷангӣ “Марз-2021” бо иштироки тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ доир гардид ва худи роҳбари мамлакат аз ситоди марказӣ вобаста ба ин чорабини муҳим андешаронӣ намуд. Дар торикии шаб ҳамаи қисмҳои ҳарбии кишвар ҳолати омодабошии худро (аз сарбози одӣ то афсари баландрутба ) ба дараҷаи аъло нишон доданд.
Дар чорабинӣ беш аз даҳҳо ҳазор ҳарбиён ва ихтиёрион иштирок доштанд. Рафти омодабошии ҷанги бозгўйи он буд, ки Артиши миллии кишвар баҳри ҳифзи Ватану сарҳадоти он пуррра омодаанд.
Мардуми сарбаланди ноҳияи сарҳадии Ҳамадонӣ ба сарварии раиси ноҳия, узви маҷлиси миллии маҷлиси олии мамлакат муҳтарам Бозоралӣ Одиназода дар паҷлуи муҳофизони Ватан қарор дошта, омодаанд дар роҳи ҳифзи ватан ҷонисорӣ намоянд.