Ҷаласаи нахустини Ситоди ноҳиявӣ "Оиди сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» таҳти роҳбарии сардори Ситоди мазкур, ҷонишини раиси ноҳия С. Бодомзода баргузор гардид. Дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, ки шомили ин Ситоданд, ширкат варзиданд.
-Мақсади асосии бо ҳам омаданамон он аст, ки мо мунтазам рейду санҷиҳо гузаронида, омодагии тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳияро барои тирамоҳу зимистони солҳо 20921-2022 мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор диҳем. Бояд роҳбарони ташкилоту муассисаҳо аз ҳоло захираи ангишту ҳезуми дар ихтиёрашон бударо ҳисобу китоб намуда, ба Ситоди ноҳиявхаттӣ ахборот пешниҳод намоянд. Ҳар як корхона, коргоҳ, муассисаи таълимӣ новобаста аз шакли моликияташон бояд барои дар сатҳи даркорӣ гузаронидани фаслҳои хунуку сармо пешакӣ чораҳои зарурӣ бинанд. Дар ин кор мо аъзоёни Ситод бояд ҳамеша барои амалӣ гардондани ин чорабинии муҳим омода бошем,--гуфт дар баромадаш С.Бодомзода.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ