Дар Литсеи давлатии ноҳия бахшида ба зодрўзи шоир, публитсист, ходими намоёни ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Конференсия бо ташаббуси роҳбари маҳфили «Ровиёни наврас» -и муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф С. Саидов, омўзгорони забон ва адабиёт ва аъзоёни маҳфили «Ровиёни беҳтарин»-и литсей баргузор гардид.
Конференсияро директори литсей А.Раҳимов кушода, оиди ҳаёт ва фаъолияти устод М.Турсунзода ба таври мухтасар ба омадагон маълумот дод. Сипас, хонандагони литсей доир ба фаъолияти шоирӣ, сиёсатмадорӣ, публитсистии ин шоири маҳбуби миллат баромад намуданд. Ба ҳозирбудагон шеърхонии хонандагони наврас аз ашъори гаронмояи шоир, махсусан аз достонҳои шуҳрати ҷаҳонӣ доштаи ў басе писанд омад.
Дар конференсия раиси ҳизби ҲХДТ дар ноҳия Д.Ғаффарзода ва директори МТИ- назди шуъбаи маориф М.Ашўров ширкат доштанд. Дар ҷамъбасти конференсия ба хонандагони фаъол Ифтихорномаҳо супорида шуд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ