Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ҷавонон ва Варзиш

     Шумораи ҷавонон 47100 нафар мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ 57 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 49 мулоқоту вохўриҳо гузаронида шудааст.

      Дар ноҳия 1 мактаби варзишӣ, 189 иншоотҳои вуарзишӣ, 29 толори варзишӣ, 2 толори варзишӣ дорои 4100 ҷойи нишаст, 39 майдони футбол, 1 толори обутоби мушакҳои бадан, 18 тололри саққобозӣ, 1 толори нишонзанӣ, 39 майдончаи баскетбол ва 60 майдони волейбол амал мекунанд. Муассисаи мактаби варзишии кўдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рўи 11 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 843 кўдаку наврас, аз ҷумла 143 нафар духтар дар 63 гуруҳ ба тамрин фаро гирифта шуданд.

       Ҷавонони ноҳия дар 20 мусобиқаҳои варзишии сатҳи вилоятӣ иштирок карда, сазовори 139 медал, аз ҷумла 62 медали тилло, 34 медали нуқра ва 43 иедали биринҷӣ гардиданд. Дар 10 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 124 медал, аз ҷумла 30 медали тилло, 42 медали нуқра ва 52 медали биринҷӣ гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2018 зиёд мебошад.

        Дар ноҳия 3 меҳмонхона, аз ҷумла яктои он замонавӣ фаъолият доранд.

       Теъдоди сайёҳони хориҷии ба ноҳия воридшуда дар соли 2019, 69 нафар мебошад, ки нисбат ба соли 2018, 11 нафар зиёд мебошад.

          

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

.

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат

.