Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО БАХШИДА БА РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

            Имрўз бо иштироки  раиси ноҳия  муҳтарам Одиназода Бозоралӣ ва  муовини  раиси  вилояти Хатлон муҳтарам Акрам Сулаймонзода дар  деҳаи Тудабоёни Ҷамоати  деҳоти  Чубек «Маркази хизматрасонӣ»-ро  ҳусни  ифтитоҳ  бахшиданд, ки  он аз  нуқтаҳои «Дорухона», «Тезтайёр» ва «Шустушўи  нақлёт»  иборат  аст. Иншооти мазкур  аз  тарафи  соҳибкори  маҳаллӣ Шоҳзамон Давлатов сохта  шуда, 4  нафар сокинони деҳа соҳиби ҷойи кори доимӣ  гардиданд.

         Инчунин, дар  деҳаи  С.Гадоӣи Ҷамоати  деҳоти Панҷрўд (раисаш Файзимад Раҷабов)  бо  иштироки  шахсони расмӣ ду  нуқтаи  рехтани  хишти сементї ва  лойи  мавриди  баҳрабардорӣ қарор  дода  шуд. Коргоҳҳо аз  тарафи соҳибкори маҳаллӣ Комил Рањмонов  бунёд ёфтанд ва 12 нафар  мардуми  маҳаллӣ   соҳиби  ҷойи  кори  доимӣ  шуданд.

Дар  дењаи Сафедоби Ҷамоати номбурда раиси  ноҳия ва  муовини  раиси  вилояти Хатлон  ба аёдати собиқадорони  меҳнат, деҳқонони асил  Сафар Раҷабов  ва Сайлигул Алимова рафтанд. Онҳо  бо қувваи аъзоёни оила  дар  заминҳои наздиҳавлигии  хеш як чанд  намуда  зироатҳо  кишт  намуданд, ки  бустонсароро  мемонад. Собиқадорон ва  аҳли  оилаи онҳо захираи маводи  озуқавории худро  барои  ду  соли  минбаъда  омода  намудаанд.

              Дар  деҳаи  Панҷрўд,  дар  деҳаи Сафедоб дар  назди  мактаби №10  барои  бунёди  5 сифхонаи  иловагӣ  бо  иштироки  раиси  ноҳия ва  муовини  раиси  вилоят  хишти  асос  гузошта  шуд. Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур  бо дастгирии  соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи Ҷамоат  сохта мавриди  истифода  қарор дода  мешавад.

          Дар  идомаи сафари кории  худ муовини  раиси вилояти Хатлон А.Сулаймонзода  кабули сайёри  шањрвандонро  баргузор  намуда,  арзи  онҳро  оид ба масъалаҳои гуногун    шунида,  ҷиҳати иҷрои он ба  масъулин  супоришҳо  доданд.

 

Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай