Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти «Панҷрўд» ( раисаш Файзимад Раҷабов) аз ҳар як фурсати муносиб истифода бурда, кишти такрории зироатҳои гуногунро дар майдони 832 ба анҷом расониданд. Заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати номбурда дар 139га мош, 58 гектар лубиё, 186 га ҷуворимакка, картошка 44га,сабзӣ 27га, карам 15га, бодиринг 5га, дигар сабзавотҳоро дар майдони 51 гектар корида, алҳол нигоҳубину парвариши онро хуб ба роҳ мондаанд.
Рафти нашъунамои зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳот хеле хуб ба роҳ монда шуда, деҳқонон аз зироати коридаашон ҳосили дилхоҳ бардоштанианд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ