Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳия даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ бо иштироки хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз фанҳои таъриху ҳуқуқ баргузор гардид. Дар озмун аз н.Ҳамадонӣ 18 нафар хонандагон ширкат варзида, 10 нафари онҳо ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Хонандагони фаъол Гадоев Абдусаттор ( аз мактаби №33), Ахмедова Жасмина (мактаби №3), Муҳаммади Худойназар ( мактаби №39), Фотимаи Нуралӣ ( МТМУ №6), Асророва Паймона (МТМУ №42) аз фанни таърих, Рамазон Холиқов (мактаби №16), Сафаралии Муродалӣ (мактаби №6), Дилноза Абдуллоева (МТМУ №31), Нозанини Шарифхон (мактаби №52), Акимов Муҳаммад (мактаби №33), аз фанни ҳуқуқ соҳиби роҳхат ба даври вилоятии олимпиада гаштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ