Каҳрамонии фарзандони ҷасури миллат ҳеҷ вақт ва ҳеч гоҳ аз лавҳи хотирҳои ояндагон фаромўш намешавад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳазорҳо ҷавонмардони ватандусту далери миллати тоҷик, фиристодагони ин мамлакати офтобӣ дар сангарҳои ин ҷанги шум корнамоӣ нишон дода, соҳиби ордену медалҳо гардидаанд. Даҳҳо нафар ҷавонмардони ҷасур дар лаҳзаҳои тақдирсози ин ҷанги ҷаҳонӣ корнамоию фидокорӣ нишон дода, ба унвони олӣ- Қаҳрамони Ҷанги Бузурги Ватанӣ сазовор гардидаан, ки дар байнашон даҳҳо фиристодагони Тоҷикистони Шўравӣ низ буданд. Садҳо нафари дигар бо ордену медалҳои ҷасоратнокӣ давраи ҷанг мукофотонида шуданд. Дар байни ин фиристодагон ҷавонмардони ҷасуру ватандўсти ноҳияи мо низ буданд. Аз давраи ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватани даҳсолаҳа сипарӣ гардид, аммо ҷасорату қаҳрамонӣ ва диловарии онҳо ҳамеша ҷовид аст. Мардуми шарафманди тоҷик қаҳрамонии фарзандони худро ҳаргиз фаромўш намекунад. Махсусан, дар давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корнамоииву ватандўстии онҳо ҷиллои тоза пайдо кард. Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ғамхориҳои рўзафзун нисбати иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватанӣ боз ҳар сол ба онҳо мукофотпулӣ дода, ба ин васила хизмати онҳоро дар назди халқу Ватан қадрдонӣ мекунад. Имсол дар арафави ҷашнгирии иди Ғалаба бар фашизм ба ҳар кадом иштирокии ҷанг 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим намуд. То имрўз дар ноҳияи мо 2 нафар иштирокчии ҷанг- Қаюмшо Ҳалимов (аз Ҷамоати Меҳнатобод) ва Давлатшо Тўронов ( аз Ҷамоати Қаҳрамон) зиндагонӣ карда, давлати пирӣ меронанд. Мукофотпулиҳоро ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз номи Президенти мамлакат- Абдуфаттоҳзода Гулҷаҳон Абдуфаттоҳ, сардори Раёсати рушди иҷимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон супорида, аз номи сарвари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба Рўзи Ғалаба табрик намуданд. Дар қатори ин раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Мачлиси Олии мамлакат муҳтарам Б. Одиназода ба ҳар иштирокчии ҷанг боз 1000 сомонї супурда, ба онњо саломатии бардавом ва рўзгори нек таманно намуд.
Маркази матбуоти раиси ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай
© 2018 - МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ