Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Хабарҳо - МАҒОЗАИ ҲУСНИ ШАҲРАК
Бо ташаббуси ҷавонмарди созандаю бунёдкор дар маркази шаҳрак мағозаи « Хизматрасонва савдо», ки аз молҳои саноатӣ ва толори арўсӣ иборат аст, дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Мағозаи мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Насим Комилзода ба арзиши 150 ҳазор сомонӣ бунёд намуда, мавриди истифодабарӣ қарор дод. Дар ифтитоҳи мағозаи мазкур, ки дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид, раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода ва дигар кормандони ҳукумат иштирок доштанд.
Ба маврид аст қайд намоем, ки маркази ноҳия, шаҳраки Москва бо дастгирию мадади ҷавонмардони ватандўсту саховатпеша сол аз сол ободу зебо шуда, таровати тозаеро бо худ мегирад. Махсусан, дар давраи соҳибистиқлолӣ рушду нумуъ карда, яке аз ҷойҳои тамошобоби ноҳия гаштааст.