Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - БОЗДИДИ ВАЗИРИ КИШОВАРЗИИ РОССИЯ АЗ ХОҶАГИҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

    16 майи соли равон намояндагони Федератсияи Россия бо роҳбарии Вазири кишоварзии ин мамлакат Патрушев Дмитрий Николаевич бо сафари корӣ ба вилоятамон ташриф оварданд. Дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён меҳмононро самимона истиқбол карданд. 

    Боиси хушнудист, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти давлати Россия Владимир Владимирович Путин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Федератсияи Россия дар ҳама самтҳо густариши тоза ёфта     истодааст. Ҳадафи ташрифи гуруҳи корӣ бо роҳбарии Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Патрушев Дмитрий Николаевич ба Тоҷикистон, аз ҷумла, ба шаҳру  ноҳияҳои Бохтар, Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон бар он хотираст, ки аз кори боғдорону кишоварзон дидан намуда, дар дастрасии технологияи навин дар истеҳсолот мусоидат намоянд ва ҳамкориҳоро дар самти кишоварзӣ ва содироти меваву сабзавот ба давлати Россия тақвият бубахшанд. Дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва дигар масъулин меҳмононро бо як самимияти хосаи тоҷикона сазовор истиқбол намуданд.

     Сипас, намояндагони Федератсияи Россия бо роҳбаладии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор ва Вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ, ки меҳмононро ҳамроҳӣ доштанд, аз намоишгоҳи ташкил кардаи аҳли заҳмату ҳунари сокинони Ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯшониён дидан карданд. Аз намоишгоҳ аён буд, ки деҳқонони ноҳия дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи обузамин, тухмиҳои хушсифат, таҷрибаи бой андӯхта, имрӯз бо меваву сабзавот ва маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ муаррифгари миллати тоҷиканд. Дар ҳаминҷо меҳмонон аз боғи хоҷагии «Сорбонҷон» дидан карданд. Ин боғи намунавии мевааш содиротшаванда 5 сол пеш бунёдгардида, имрӯз ниҳолҳои гелос, олу, зардолу, ғарқи ҳосиланд. Меваҳои шаҳдбори чунин боғҳо на танҳо бозорҳои истеъмолиро арзониву фаровонӣ мебахшад, балки ба содироти бештари мева ба хориҷи кишвар заминаи воқеӣ фароҳам меорад.      Аз ин нигоҳ, дар ноҳияи Кӯшониён майдони боғот васеъ гардида, ҳарсол 3 ҳазору 500, 3 ҳазору 600 тонна мева содирот менамоянд.

    Ҳамчунин намояндагони Федератсияи Россия ба ҳунари занону модарони кадбонуи тоҷик – сокинони ноҳияи Кӯшониён, бахусус,  Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол шинос шуда, ба нону маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баҳои сазовор доданд. Меваҳои лазизи боғҳои Хатлон, афшураи зардолу, гелос ва дигар навҳои меваҳои шаҳдор, нону кулчаҳои болаззати занону бонувони тоҷик ба меҳмонон хеле хуш омад. Миёни истеҳсолкунандагони ватанӣ ва намояндагони Федератсияи Россия дар самти сифати маҳсулот мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар баробари ин, роҳбарияти вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён меҳмононро ба Хатлонзамин хайрамақдам гуфта, чун рамзи дӯстиву бародарӣ онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ намуданд.

     Ин далели он аст, ки фардо ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Федератсияи Россия густариш ёфта, дӯстӣ ва бародарӣ  бозҳам қавитар мегардад. Барои содироти маҳсулот ва тақвияти ҳамкориҳо заминаи воқеӣ фароҳам оварда мешавад.

     Воқеан, ноҳияи Кӯшониён аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, боғдорону кишоварзони он дар самти истифодабарии замин, аз замин бардоштани ду - се ҳосил таҷрибаи бой андӯхтаанд. Дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён зиёданд хоҷагидороне, ки дар баробари таъмини арзонию фаровонии бозори истеъмолӣ сол то сол ба содироти бештари маҳсулот муваффақ мегарданд. Дар мавсими имсола аллакай, беш аз 120 тонна маҳсулот аз ин деҳот ба давлатҳои Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот шудааст. Деҳқонони асил ин ҳама пешравӣ ва файзу баракатро аз соҳибистиқлолӣ ва азму талошҳои Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин арзёбӣ медоранд.

     Намояндагони Федератсияи Россия дар ин рӯз, ҳамчунин аз боғи олуи хоҷагии «Ниёзмуҳаммад Беков», шафтолубоғи хоҷагии ба номи «Сафар Ҷумъаев»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, анорбоғи хоҷагии «Баҳор», намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, маҳсулоти нонӣ, хӯрокҳои миллӣ фаъолияти хоҷагидорони хоҷагии тухмипарварии ба номи «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Дӯстӣ ва ҷамъоварии пиёз ва кишти такрорӣ бо техникаи муосир дар хоҷагии деҳқонии «Собириён», гармхонаҳои сабзавот ва майдони кишти полезии хоҷагии деҳқонии «Назриён» ва гармхонаҳои лимӯпарварии хоҷагии «Абдураҳим Тоҳиров»-и ноҳияи Ҷайҳун аз наздик шиносоӣ пайдо карданд.

    Дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ кишоварзони вилоят ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, ки ин нуктаро бори дигар зимни сафари намояндагони Федератсияи Россия аз шаҳру ноҳияҳои вилоят эҳсос намудем. Таи чор моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят ба 79,2 миллион сомонӣ раидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  55262 тонна сабзавот, 1649 тонна картошка ва 402 тонна меваҷот истеҳсол шудааст.   

    Бояд тазакур дод, ки то 6  майи соли равон аз вилоят 5,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3, 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.  Сафари намояндагони давлати Россия ба вилояти Хатлон баҳри ҳамкориҳои дуҷониба дар самти кишоварзӣ ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

 

20190516_115307.jpg20190516_133920.jpg20190516_134058.jpg20190516_151501.jpgIMG_3099.JPGIMG_3096.JPG20190516_100126.jpg20190516_115123.jpg20190516_115453.jpg

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай