Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳои вилоят - МУАРРИФИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ВИЛОЯТ

6 апрели соли ҷорӣ дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо ризогии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан озод намуда, ба вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъйин гардидани Хайрулло Амонуллоро бо коллективи кормандон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва роҳбарони мақомотҳои қудратӣ муарифӣ намуд.

 

Ҳамзамон бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ёқубзод Саид таъйин гардида буданд аз тарафи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои мазкур муаррифӣ намуданд.

Раиси вилоят зимни муарифӣ аз шахсони навтаъин барои ба вазифаи масъули давлатӣ таъйин гардидан, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.

20190506_141551.jpg

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай