Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо

ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КОР ОМОДААНД

Дирўз дар деҳаи Пахтакорӣ Ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» азназаргузаронии техникаҳои хоҷагии қишлоқ доир гашт. Раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода омодагии техникаҳои кишоварзиро аз назар гузаронида, ҷиҳати пурра омодашудани тракторҳо ба механизаторону шахсони мутасаддӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Вохўрии гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳрак

Рўзи гузашта дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14 вохўрии гуруҳи кории таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинони шаҳрак ва фаъолони он доир гардид...

Вохӯрии судманд

Имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори маҷлиси муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрии гуруҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ, Сардори Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия полковники милитсия Ташрифзода, мудири бахши кор бо занон ва оила Фотима Маҷидова, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Шоҳин Назаров, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Шариф.

ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КОР ОМОДААНД

Имрўз дар деҳаи Меҳрвари Ҷамоати деҳоти Чубек азназаргузаронии техникаҳои хоҷагии қишлоқ доир гашт. Раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода омодагии техникаҳои кишоварзиро аз назар гузаронида, ҷиҳати пурра омодашудани тракторҳо ба механизаторону шахсони мутасаддӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Гуфта шуд, ки дар ҳудуди Ҷамоат 53 адад техникаҳои гуногуни кишоварзӣ вуҷуд дошта 36 адади он омодаи кор ва 17 адади дигар дар таъмир мебошанд.

Вохўрии гуруҳи корӣ бо фаъолони Ҷамоати Панҷрўд

Имрўз дар толори маҷлисгоҳи бинои Ҷамоати деҳоти Панҷрўд вохўрии гуруҳи кории таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинон ва фаъолони он доир гардид. Дар вохўрӣ муовини раиси ноҳия Ҳусния Исҳоқӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим...

БА ИСТИҚБОЛИ РЎЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Дар китобхонаи марказии ноҳия ба шарафи Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабӣ бо иштироки кормандони Китобхонаи марказии ноҳия, хонандагону омўзгорони Литсейи давлатии ноҳия, мактабҳои 1, 2, 5 намояндаи Комиссарияти ҳарбӣ, котиби Шўрои Ҳаркати ҷамиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия Набиев Илёсиддин баргузор гардид.

Аксияи “Модарон ба аёдати фарзандон-сарбозони Ватан меравем”

Имрӯз дар қисми ҳарбии 0307 Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ мустақар дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ аёдати модарон, занону бонувон аксия таҳти унвони “Мо модарон ба аёдати фарзандон-сарбозони Ватан меравем” доир гардида, дастархони идонаи тоҷикию модарона пешниҳоди сарбозону аскарбачаҳо карда шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай