Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НАТИҶАГИРӢ АЗ РАФТИ АМАЛИШАВИИ ЛОИҲАҲО

         Дирўз  бо иштироки муовини якуми  раиси  ноҳия  муҳтарам  Орифзода Маҳдӣ Маҳмуд,  раиси Кумитаи иқтисод ва  молияи  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии ҶТ Файзулло Машраб Қурбоналӣ, вакили МНМО ҶТ Абдусаломзода Мунаввара, вакили МНМО ҶТ  аз ҳавзаи  интихоботии Ҳамадонӣ Одинаев Ҳаёт,  Раҳмонов Зокир-мушовири Барномаи Рушди Созмони  Миллали Муттаҳид, Бобошоҳзода Шоҳин-сармутахассисӣ Вазорати  рушди иқтисод ва савдои ҶТ рафти иҷрои  лоиҳаҳои  Барномаи  рушди иҷтимоию  иқтисодии  ноҳия барои  солҳои 2021-2025 ба ҳолати 01.07.2022 мавриди  баррасӣ  қарор  дода  шуд. Нахуст, дар  кори он  мудири  бахши иқтисод  ва савдои  ноҳия Мансурҷон Сафаров  гузориш  пешниҳод  намуда,  рафти  иҷрои  лоиҳаҳоро дар  бахшҳои  гуногун гузориш  дод.  Мавсуф қайд  намуд, ки  Барномаи  рушди иҷтимою иқтисодии  ноҳия  аз  4  бахш  иборат  буда, 188 лоиҳаро  бо маблағи 551 млн. 477,8 ҳазор сомонӣ дар  бар  мегирад, ки аз  ин  69 лоиҳа ба  маблағи  42 млн. 574,8 ҳазор сомонӣ ба  бахши  иқтисодӣ, 71 лоиҳа ба  маблағи 84 млн. 922,0 ҳазор сомонӣ ба  бахши иҷтимоӣ, 40 лоиҳа бо маблағи 193 млн. 768, 0 ҳазор  сомонӣ  ба  бахши  инфрасохтор 8 лоиҳа  ба  маблағи 230 млн. 213,0 ҳазор сомонӣ ба  бахши ҳифзи муҳити  зист ва ҳолатҳои фавқулодда рост  меояд. Баъди  гузориши  таҳлилӣ  аз  тарафи меҳмонон  ба  масъулин  дастуру  маслиҳатҳо ҷиҳати  амалишавии лоиҳаҳо пешниҳод гардид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай