Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СЕМИНАР БАРОИ КИШОВАРЗОН

             Бо мақсади  амалигардонии  дастуру  супоришҳои Президенти  мамлакат, ки  зимни  мулоқоти  хеш  бо  зиёиёну фаъолони вилояти Хатлон рўзи 18.06.2022 доштанд, як қатор  корҳо  дар самти кишоварзӣ идома  дошта,  деҳқонону  аҳли  заҳмати  ноҳия  аз ҳар як ваҷаб  замин  оқилона ва  самаранок  истифода  намуда  истодаанд. Барои  таъмини  амнияти озуқаворӣ, пешгирии ҳолатҳои  гурснагӣ ва аз як замин  гирифтани  ду  се ҳосил аз  тарафи кормандони Раёсати кишоварзии  ноҳия  дар  хоҷагии  деҳқонии “Сафар”-и Ҷамоати  деҳоти Чубек  семинар  доир  шуд. Мутахассисон  дар рафти  семинар  ба  аҳли  заҳмат   тарзи  шинонидан  ва  парвариши лубиёгиҳоро  дар  байни қаторҳои ҷуворимакка  намоиш  доданд. Ин тарзи  кишти  зироатҳо  метавонад  барои деҳқонон манифатовар бошад, қайд  намуданд  дар  семинар.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай