Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раис

           Дар ҷаласаи  назоратии  назди раиси  ноҳия   як силсила   масъалаҳои   рўзмарра  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд. Пеш аз  ҳама, масъалаи  ҷамъоварии  маблағҳои   андоз  барои  моҳи  июл  ва кам  кардани   бақияпулиҳои  андоз  мавриди  пурсиш  қарор  гирифт  ва   ҳамчунин ҷиҳати кам  кардани  бақияпулиҳои   андоз  аз  масъулин  пурсиш ба  амал оварда шуда,  бобати  амалишавии  ин  масъала ба шахсони  мутасаддӣ  супорида шуд, ки  чораҳои  қатъӣ  андешанд.

     Раиси  ноҳия   муҳтарам  Бозоралӣ Одиназода   доири масъалаҳои   коркарди   байни қаторҳои   пахта, вусъат додани  кори   сарчинкунии  ниҳолҳои  пахта;  рафти иҷрои   нақшаи   кишти  такрории зироатҳо  дар хоҷагиҳои  деҳқонӣ,  заминҳои  ёрирасони  шахсӣ- президентӣ; захираи картошкаи  тухмӣ, дуруст ба   роҳ  мондани   фаъолияти   гуруҳҳои  корӣ дар самти гардиши  хонаҳо оиди   муайян  намудани   кишти  зироатҳо   дар заминҳои   наздиҳавлигӣ  ва захираи   маводи   хўрока дар ҳар як  оила  ба муовини  аввали   раиси ноҳия, Раёсати   кишоварзӣ,  раисони  Ҷамоатҳо, роҳбарони  гуруҳҳои   корӣ  дастуру  маслиҳат   доданд, ки ҷиҳати  иҷроиши   корҳо чораандеши  намуда,  ҳамчунин дар ин  бобат  назорати  ҷиддӣ бурда  шавад.

     Бобати   пешниҳоди  рўйхати иншоотҳои  ҷашнии  дар моҳи  июл  ба истифодашаванда; иҷроиши  шартномаҳои  басташуда оиди дўхти  либосҳои  мактабӣ,  пурра омода намудани бинои МТМА №35  барои   қабул;  пешгирии  бемориҳои  сироятӣ, хусусан , дар байни кўдакон  дар давраи   фасли тобистон  ва фароҳам овардани   шароити хуб барои  табобати беморон  дар беморхона;  расонидани кўмаки  моддӣ  ба оилаҳои  камбизоат,  ятимону  бепарасторон дар  арафаи  Иди Қурбон;  назорати қатъӣ  ба   нархи маҳсулотҳо  дар бозори марказии ноҳия  ва нуқтаҳои  савдо; пешниҳоди рўйхати масҷидҳои дар онҳо намози  идӣ баргузор мегаштагӣ, ва вобаста намудани   намояндагон  ба масҷидҳо раиси ноҳия  ба муовинони   соҳавии  раиси ноҳия,  шуъбаи маориф, Беморхонаи   марказӣ, раисони ҷамоатҳо, бахши танзим, роҳбарони ташкилоту  муассисаҳо  дастуру супориш  доданд, ки барои иҷрои  корҳо чораҳои зарурӣ  андешанд.

     Доири масъалаҳои   дигари   рўзнома- рафти пуррагардонии  курсҳои   ронандагӣ дар назди ТҶММ-и   ноҳия барои  ҷавонони  синни даъватӣ, маъракаи  обуна  ба рўзномаи  ноҳиявӣ ва  ҳизбӣ,  омодагии ҷиддӣ  ба баргузории  маҷлиси  ҷамъбастии  натиҷаҳои   рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи  якуми  соли 2022  ҳам, раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода ҳаммаи шахсони   масъулро  вазифадор намуданд, ки ҷиҳати  иҷроиши   корҳо  чораҳои  таъсирбахш  андешанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай