Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Кишти такрорӣ вусъат меёбад

          То рўзи  29 июн  кишти  такрории  зироатҳои  кишоварзӣ аз ҷумла  шолӣ- 95, лубиёгӣ- 81,  бодиринг- 92,  помидор- 86,  карам- 80,  полезиҳо- 59,  офтобпараст- 48, кунҷит- 42,  зироатҳои  хўроки чорво- 50,  мош- 99  фисад  дар ноҳия  иҷро гардидааст.

      Кишти такрорӣ  дар ҷамоатҳои  Меҳнатобод, Панҷоб, Қаҳрамон,   Панҷруд нисбатан  хубтар буда,  нақшаи кишт  аз 89 то 150 фисад ба иҷро расидааст. Вале, кишти офтобпараст, кунҷит, зироатҳои  хуроки  чорво  суст  ҷараён  ёфта, ҳанўз  иҷрои  нақша  нисф  нашудааст.

       Ба  кишоварзони  асили ноҳия  зарур  аст, ки  вақтро  ҳарчи  хубтар  истифода  бурда, Дурнамои  кишти  зироатҳои  кишоварзиро  пурра иҷро намоянд.

Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай