Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раис

        Раиси ноҳия   муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  сараввал  масъалаи ҷамъоварии  маблағҳои  андозро  барои рўзҳои  охири моҳи июн  аз масъулини  бахш  пурсон  шуда,  сахт таъкид  намуд, ки  ин масъала  ҳатман  ҳалли худро  ёбад ва нақшаи  ҷамъоварии  андоз таъмин карда шавад. Баъдан,  масъалаҳои  дигар - доири  бахши кишоварзӣ-  коркарди  байни қаторҳои  пахта, тоза кардани  заминҳои ғалла аз коҳ, шудгори заминҳои  ғалладонагӣ,  захираи картошкаи  тухмӣ, васеъ намудани кишти заминҳои шолӣ  дида баромада  шуда, раиси ноҳия  баҳри иҷрои   масъалаҳои  номбурда  ба шахсони  масъул  супориши  сахт  доданд, ки дар  муҳлати  кўтоҳтарин  ин корҳо амалӣ карда шаванд.

    Дар   асоси  дастуру  таъкидҳои  Пешвои  муаззами  миллат  ҷиҳати захираи  маводи ғизоӣ барои 2 сол  раиси ноҳия  дар масъалаи баҳисобгирии  кишти  зироатҳо  ва истеҳсоли  маҳсулотҳо  дар заминҳои  наздиҳавлигию  президентӣ  ва захираи   маводи хўрока  дар ҳар оила  ба роҳбарони гуруҳҳои корӣ,  Раисони  Ҷамоатҳои   деҳот  дастуру супориш  доданд, ки   ин масъала  ҳаматарафа  дида баромада шавад.

    Масъалаҳои дигари рўзнома  муайян  ва пешниҳод  намудани  маълумотҳои  омории соҳаи  кишоварзӣ, саноат; ба ҳисоботҳои  оморӣ  ҳамроҳ  намудани  корхонаю  коргоҳҳои  саноатии  ба истифода  додашуда;  пешниҳоди  ҳисоботҳои  фаъолияти  шашмоҳаи  ташкилоту  муассисаҳо, ҷамоатҳо  ва воҳидҳои  сохтории  мақомот, раёсату  шуъбаҳо ( то рўзи 30- юм) ҳам ҳаматарафа баррасӣ  шуда, раиси ноҳия, ба   роҳбари  дастгоҳи раиси  ноҳия ,   муовини  аввали  раиси  ноҳия,  муовинони   соҳавӣ,  Раёсати  кишоварзӣ,  шуъбаи омор, роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳо,  раисони ҷамоатҳо  дастуру  маслиҳат  доданд, ки корҳоро  сари  вақт  хушсифат  ба  ҷо  оварда,  маълумот  пешниҳод  намоянд.

    Ҷиҳати ба роҳ  мондани  дўхти  либосҳои  мактабӣ;  ташкили  курсҳои  ронандагӣ  дар назди ТҶММ  барои   ҷавонони  синни  даъватӣ,  вусъат додани  кори обуна  ба  рўзномаҳои  ҳизбӣ  ва рўзномаи  ноҳиявӣ - раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода  ба муовинони соҳавӣ,  шуъбаи маориф, Комиссарияти  ҳарбӣ,  раисони  ҷамоатҳо, ТҶММ-и   ноҳия, роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳо  дастуру супоришҳо  доданд, ки  барои  иҷро намудани  корҳо  чораҳои қатъӣ  андешанд.

           

Маркази  матбуоти  раиси ноҳия                                      

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай