Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАНТАНАИ РЎЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР НОҲИЯ

                Бахшида  ба  25-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ дар  толори Филармонияи мардумии  ба  номи  устод Одина Ҳошимови  ноҳия  чорабинии  фарҳангӣ  доир  шуд. Раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода зимни сухани  табрикии  хеш тамоми  сокинон ва  аҳли  заҳмати ноҳияро  табрику  муборак бод  гуфта,  таҷлили  Рўзи Ваҳдати  миллиро яке  аз  арзишҳои миллӣ, ҷашни  муқаддаси халқи тоҷик ва заҳмати  наҷибонаву содиқонаи Пешвои  муаззами  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу  миллати  азизаш  хонд. Сипас, барномаи  консертии ҳунармандони бахши фарҳанги  ноҳия, ки аз  шеъру  таронаҳои ватандўстию якдилӣ, ваҳдату осудагӣ  иборат  буданд    пешкаши  иштирокиён  гардонида  шуд.

         Маркази  матбуоти  раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай