Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯ

       Субҳи 27-юми ноябри соли ҷорӣ Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф овард.
        Раиси вилоят муҳтарам Ҳакимзода Қурбон чун анъана, аз ҳолу аҳвол ва зисту зиндагонии собиқадорони меҳнати ноҳия, он нафароне, ки барои пешрафт ва ободонии диёру ватани худ умри пурбаракати худро сарфи он кардаанд, аёдат кард.
Нахуст, аз ҳолу аҳволи собиқадори меҳнат Одинаева Гулбӣ боздид намуд. Ҳангоми боздид ба собиқадори меҳнат аз номи Пешвои миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфҳои молию пулиро тақдим намуд. Сипас, аз ҳолу аҳволи он кас пурсон шуда, оид ба масъалаҳои рузмарраи зиндагӣ ва эҳтиёҷоти он масъалагузорӣ намуд. Собиқадори меҳнат Одинаева Гулбӣ ҳангоми суҳбат шукронаи тинҷиву амонӣ ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумати давлати Тоҷикистонро бо сарварии Пешвои муаззами миллат баён намуд.
        Собиқадори меҳнат Одинева Гулбӣ аз соли 1956 истиқоматкунандаи деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Аз солҳои 1956 – 1968 аъзои хоҷагии “Дружба”-и ноҳия фаъолият карда, солҳои 1968 – 1993 сардори бригадаи пахтакории хоҷагии “Дружба”-и ноҳия, солҳои 1993 – 1994 аъзои хоҷагии “Дружба”-и ноҳия кор кардааст ва аз соли 1994 нафақахур.
Барои саҳми арзандааш дар рушди соҳаи кишоварзӣ бо ордени «Ленин», ордени “Револютсияи Октябр” ва “Дустии халқҳо” қадрдонӣ карда шудааст.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

  

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай