Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - “Сарҳадчӣ” дар лигаи якум

 

     Ченпионати  мамлакат  оид ба футбол  байни  дастаҳои   лигаи   дуюми  минтақаи  Хатлон  ба анҷом  расид.  Дастаи  “Сарҳадчӣ”  дар минтақаи  Кўлоб  ширкат     варзида,  аксар  бозиҳоро  ба пирўзӣ  анҷом  дода   дар  ҷамъбаст  ҷойи  аввалро  касб  карда,  ба даври  ниҳоӣ  роҳхат  гирифтанд.

     Дар  вохўрии  финалӣ, ки дар  Варзишгоҳи  марказии  “Пахтакор”-и  шаҳри Бохтар  баргузор    гардид,  дастаи “сарҳадчӣ”  бо дастаи  “Ҷиликул”-и   ноҳияи  Дўстӣ   қувваозмоӣ  намуд.  Бозӣ  аз  аввал  то охир   тезудунд  сурат  гирифта,  онро   ҳазорҳо  ҳаводори  футбол  бо шавқ  тамошо  карданд. Футболбозони  ноҳияи  Дўстӣ   аввал  ба дарвозаи  “Сарҳадчӣ”  ду  туб    ворид  намуданд.

     Довари  бози  дар якчанд  дақиқаи  охири  бозӣ  ду  бозингари  “Сарҳадчӣ”-ро  корти  сурх  дода ,  аз  майдон  ронд. Новобаста  аз  кам   будани  футболбозон   дар  майдони    футболбозони “сарҳадчӣ” дар  даҳ  дақиқаи   охир  дарвозаи  “Ҷиликул”- ро  рахна  намуда ,  ду  гол  зада,  ҳисобро  баробар  намуданд.

    Дар  задани  силсилаи   зарбаҳои 11- метра  футболбозони  дастаи “Сарҳадчӣ”  маҳорати  баланд  нишон дода ,  дастболо  гардиданд. Дарвозабони  “сарҳадчӣ”  Шоҳрух Сафолов  ду  зарбаи 11-  метраро  баргардонда, бозингари  беҳтарини  бози  финалӣ  гардид.

    Раиси  федератсияи    футболи  вилояти   Хатлон И. Шарифов    ба  футболбозони  “Сарҳадчӣ”  Ҷом  ва  медалҳои   тиллои  ченпиониро  супорид.  Боиси  хушнудист,ки   дастаи  “сарҳадчӣ”  соҳиби  роҳхат  ба лигаи  якуми  ченпионати  Тоҷикистон  гардид.

Маркази матбуоти раиси ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай