Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХЎРИ БО МЕҲНАТКАШОН

        Гурўҳи кории  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия аз рўйи нақшаи мураттабнамудаву тасдиқнамудаи раиси ноҳия муҳтарам Б.Одиназода дар Ҷамоатҳои  ноҳия бо меҳнаткашон вохўриҳо  гузарониданд. Дар вохўриҳо кормандони бахшҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия, кормандони мақомоти қудратӣ, вакилони маҳаллаҳо, омўзгорон ва кормандони васоити ахбори омма ширкат доштанд. Гурўҳи корӣ бо ҷамъомадагон асосан дар бораи  тарбияи ҳарбӣ-ватандўстии ҷавонон, таҳкими  сулҳу субот дар ҷомеа, пешгирии гаравидани  ҷавонон ба  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, баргардондани ҷавононе, ки ғайрирасмӣ  дар  хориҷи кишвар  таҳсил карда, шомили   гурўҳҳои террористӣ- экстремистӣ  мегарданд ва омодагиҳо ба сазовор ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намудаанд.

     -Дар давоми 30-соли Истиқлолият Ватани мо-Тоҷикистони азиз ончунон роҳи  таърихиеро тай намуд, ки онро  пеш мо орзу карда ҳам наметавонистем. Вақте ки кас ба дастовардҳои даврони Истиқлол назар меафканад, ба ин мардумони сарзамини сулҳпарвару бунёдкор  борҳо аҳсан мегўяд. Дар ин давраи начандон тўлонии таърихӣ дар мамлакат иншоотҳои азими беҳгардонии рўзгори мардум, роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгўй ва боз даҳҳо иншоотҳои бузург бунёд шуданд. Обрў ва эътибори мулки тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ дуболо рафт. Ҳамаи ин комёбиву дастовардҳо шарофати  сиёсати сулҳдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Худи дар ноҳияи мо низ дар давоми се-чор соли охир як зумра иншооҳои ба беҳшавии рўзгори мардум мусоидаткунанда, роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгўй, гулгашту хиёбонҳои назаррабо сохта ба истифодаи мардуми ноҳия ва меҳмонон дода шуд,-гуфт дар рафти баромадаш муҳтарам Б.Одиназода.

 

          Маркази матбуоти раиси ноҳия  

 

 

 

                            

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай