Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ФЕСТИВАЛИ ЗЕБОИПАРАСТӢ

          Давраи аввали  фестивали  ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» дар мактаби  миёнаи рақами 14-и ноҳия  бо иштироки хонандагони мактабҳои ҳудуди шаҳрак ва занони фаъол дар вазъияти тантанавӣ оғоз гардид. Мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин фестивал гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи эҳтиром ба либосҳои миллӣ, бедор шудани завқи баланди аҳолӣ ба маданияти либоспўшӣ ва ҳисси зебоипарастӣ мебошад.  Дар фестивал иштирокчиён аз ҳунарҳои аҷдодии дар дўхти либосҳои мардумӣ  омўхтаашон намунаҳо оварда, пешкаши тамошобинон намуданд. Махсусан, либосҳои чакан, аз матоъҳои гуногун гулдўзӣ кардашуда мақбули омадагон гардиданд.

       -Чӣ тавре, ки дар боло ишора кардем, мақсади ин фестивал  тарбия намудани насли наврас дар рўҳияи зебоипарастӣ, аз сари нав эҳё намудани анъанаҳои беҳтарини либосдўзӣ, маданияти либоспўширо риоя намудани наврасон ва ҷавонон мебошад. Фестивали гузаронидаамон нишон дод, ки дар ноҳияи мо низ  мардум, алалхусус духтарону ҷавонон ва занҳо ба ин масъала диққати ҷидӣ медиханд. Давраи ҷамъбастии ин фестивал дар маркази вилоят -шаҳри Бохтар дар арафаи  «Рўзи ваҳдати миллӣ» баргузор мегардад. Мо барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин фестивал  ҳаматарафа омодагӣ гирифта истодаем,-гуфт  дар ҷамъбаси фестивали мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  Фотима Маҷидова.  

Маркази матбуоти раиси ноҳия

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай